Вохӯрии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академия
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» баҳри сафабарии навбатӣ ба сафи Қувваҳои муссалаҳи ҶТ вохӯрии роҳбарият ва кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон санаи 15-уми апрели соли 2021 дар Академия баргузор гардид. Роҳбарият ва кормандони Кумитаи ҷавонон ва варзиш аз наздик бо шароити таҳсилу хизмати курсантон шинос шуда, дар бораи аҳамияти хизмати ҳарбӣ сӯҳбатҳои муфид намуданд.
Як қатор кормандон ва ҷавонони фаъоли Академия барои саҳм гузоштан дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии курсантон бо пешниҳоди Шӯрои чавонони Академия, ки ба он омӯзгори ҷавону болаёқат лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳокимҷон роҳбарӣ менамояд, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Асламов Б.С.,Сафарова С.Н.