Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ «КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН» ДАР ФАКУЛТЕТИ № 4 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

1742

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси олии кишвар доир ба пешрафти ҷомеъа ва хусусан рушди соҳаи маориф суханронӣ намуда, таъкид ба он оварданд, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар ҳамаи шароитҳо барои таҳсил таъмин карда шавад. Ҳамзамон сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз озмунҳои солҳои қаблӣ, яъне «Фуруғи субҳи донои китоб аст», «Тоҷикистон ватани азизи ман» ёдовар ва хуб арзёбӣ ва пешниҳод намуданд, ки ин иқдом минбаъд низ идома дода шавад. Гузашта аз ин аз тарафи Пешвои миллат пешниҳод карда шуд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.
Садорати Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултети № 4 он дар шаҳри Хуҷанд аз ин дасуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, дар таълиму тарбияи курсантон ҳамарӯза чораҳои мушаххас андешида истодаанд. Тибқи нақша-чорабиниҳо мунтазам бо курсантон, баҳри баланд бардоштани савияи дониш, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, инчунин дар замири курсантон бедор намудани ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ, конференсияҳои илмӣ, мизҳои мудаввар ва дигар конкурсу озмунҳо гузаронида мешаванд.
Масалан дар оғози нимсолаи 2-юми соли таҳсили 2020-2021 бо ташаббуси роҳбарияти факултет дар байни ҳайати кормандон, омӯзгорон, шунавандагон ва курсантон ташкил ва гузаронидани озмуни «Китобхони беҳтарин» эълон карда шуда буд. Ҳадаф аз ташкил ва баргузории чунин озмунҳо ин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, шеърхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни кормандон ва курсантони факултет мебошад.
Тибқи талаботи низомномаи озмун давраи ибтидоии озмун дар гурӯҳҳои таълимӣ аз тарафи кураторон ва дар кафедраву шуъбачаҳо аз тарафи роҳбарони бевоситаи ин сохторҳо гузаронида шуда, аз ҳар як гурӯҳ, кафедра ва шуъбачаҳо номзадҳо пешниҳод карда мешаванд. Ҳамзамон ҳайати ҳакамон низ интихоб карда шуданд.

Санаи 16.03.2021 даври дуюми озмуни мазкур дар байни ҳайати доимӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки 22 нафар намояндагони кафедра ва дигар сохторҳои факултет, фаъолона иштирок намуданд. Аз байни иштироккунандагон ҳафт нафар қобилият ва истеъдоди хуб нишон дода ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд:
1. полковники милитсия Мақсадзода О.И.- дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ.
2. подполковники милитсия Муҳиддинзода Х.Ғ.- дотсенти кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос.
3. капитани милитсия Ибодзода М.А.- муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ.
4. капитани милитсия Баҳодурзода М.М.- муаллимаи калони кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос.
5. лейтенантони калони милитсия Самадзода И.А.- муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ.
6. капитани милитсия Асадхонӣ Аҳадхон – сардори кабинети кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ.
7. лейтенанти милитсия Абдукаримзода М.А.- муаллими кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ,
Санаҳои 13-14 марти соли 2021 чунин озмун дар байни ҳайати курсантон ва шунавандагон ташкил ва гузаронида шуд, ки 27 нафар курсантон фаъолона иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки ҳар як кураторони гурӯҳҳои таълимӣ номзадҳои худро пешниҳод ва бевосита дар ҷараёни баргузории озмун иштирок намуданд.

1743

Аз байни иштироккунандагон ҳашт нафар, курсантони факултет қобилият ва истеъдоди хуб нишон дода ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд:
1. Шаҳриёри С. курси 1, куратори гурӯҳи 102, Аҳмадзода М.А.
2. Абдуҷабборов М.А. курси 1, куратори гурӯҳи 103, Комилзода З.
3. Асомуддинзода М.А. курси 2, куратори гурӯҳи 202, Олимӣ Ҳ.
4. Авлиёев А. курси 2, куратори гурӯҳи 203, Ибодзода М.А.
5. Мирзоев Р. курси 3, куратори гурӯҳи 303, Муҳаммадзода Н.М.
6. Каримова М. курси 3, куратори гурӯҳи 304, Хайруллозода Л.
7. Нуруллоева М. курси 4, куратори гурӯҳи 403, Абдураҳмонов Н.
8. Ғафурӣ Дилноза. курси 4, куратори гурӯҳ, Тоҳирӣ М.Т.

Озмуни Китобхони беҳтарин дар факултети № 4 идома дорад…

Муҳаммадиев Н.Б. -муовини сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...