Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар бахшида ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Садриддин Айнӣ

1739

Ҳеч як соҳае нест, ки марбут ба миллати тоҷику Тоҷикистон бошаду устод Айнӣ чизе нанавишта бошад. Ӯ пайваста ба таълифи осори манзуму мансур, асарҳои таърихию адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва амсоли онҳо машғул шуда, дар босавод кардани мардуми тоҷик ва ташаккулу тараққии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст. Аз ин ҷост, ки баъд аз ба истиқлол расидани Тоҷикистон бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин унвони Қаҳрамони миллат ба номи ин бузургвор рақам зада шуд. Айнӣ ба ҳайси донишманди таърихнигор ҳанӯз дар даврони амирӣ бо навиштани асари таърихии илмӣ «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро»(1918) ва китобҳои таълимиаш чун «Таҳсиб-ус-сибён», алалхусус қисмати «Хонадони хушбахт» ҳамчун нависандаи воқеъгаро шуҳрат касб карда буд. Дар 34 соли зиндагии даврони шӯравияш ба сифати шоир, нависанда, рӯзноманигор, таърихшинос, адабиётшинос, забоншинос, мунақид, драмнавис ва дар маҷмӯъ бунёдгузори насри воқеъгаро, бахусус насри реалистӣ ва анвоъи мухталифи он дар адабиёти шӯравии тоҷик шинохта шуд.
Бахшида ба 143-солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ дар факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Аҳамияти тарбиявии ашъори Садриддин Айнӣ» баргузор гардид.

17401741

Курсантони курси якуми факултети номбурда аз ҳаёт ва фаъолияти пурсамари устод Айнӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оид ба мавзӯъҳои ватандӯстӣ дар ашъори устод Айнӣ, роҷеъ ба шахсият ва осори устод, ҷойгоҳи устод дар таърихи навини миллати тоҷик, мавқеи осори Айнӣ дар тарбияи ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ баромадҳо намуда, чорабинии мазкур бо қироати «Марши ҳуррият»-и устод Айнӣ, аз ҷониби курсанти курси якум Самардинзода Саидбухорӣ анҷом ёфт.

Давлатшозода Азиза, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...