ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ ВА ТАҲЛИЛИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР
Санаи14.04.2021, соати 15 00 дар толори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорони ва аъзоёни маҳфили “Ҳуқуқшинос бахшида ба мавзӯи «Таърихи пайдоиш ва методикаи тафтиши ҷиноятҳои алоқаманд бо гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир» мизи мудаввар баргузор гардид.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии роҳбарияти факултет оғоз гардида, дар он доир ба мафҳуми маводҳои мухаддир тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида карда шуд.
Сипас дар мавзӯи “Таърихи пайдоиш ва таҳлили воситаҳои нашъадор” дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ, полковники милитсия Мақсадзода О.И., ва доир ба мавзӯи “Спайс – мафҳум ва моҳияти он ва омилҳои заҳролудшавӣ дар ҷомеаи муосир” муаллими кафедраи мазкур майори милитсия Рустамзода Н.Қ., баромад намуда ба саволҳои курсантон ҷавобҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин аъзоёни маҳфил сержантони хурди милитсия Нуруллоева М., ва Ҳомидова Ф., доир ба таҳлили меъёрҳои дар моддаҳои моддаҳои 200-206 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, мафҳуми маводҳои нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳо суханронӣ намуда, ба саволҳои аз ҷониби аъзоёни маҳфил пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Аъзоёни маҳфил ба роҳбарияти факултет ва устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ изҳори миннатдорӣ намуда қайд карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани савияи дониши курсантон нақши муҳимро мебозад.
Рустамзода Н.Қ. - муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷинояӣи ва мурофиавии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия.