Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОЗДИДИ КУРСАНТОНИ АКАДЕМИЯИ ВКД АЗ ОСОРХОНАИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1734

Мусаллам аст, ки осорхона ҳамчун оинаи таърих ба ҳисоб рафта, пайвандгари дирӯзу имрӯзу фардо ва баёнгари арзишҳои волои маънавии мардуми тоҷик мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Осорхона бахши хеле муҳими ҳофизаи таърихии инсоният мебошад. Махсусан халқҳои мутамаддин барои ҳифзи ёдгориҳои безаволи гузаштагони худ ва осори моддиву ғайримоддии бамеросмонда тадбирҳои зарурӣ андешидаанд». Осорхонаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар осорхонаҳои ҷумҳурӣ мавқеи хоса дошта, муаррификунандаи таъриху фаъолияти ниҳоди мазкур ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба ин роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбият ёфтани курсантони Академияи ВКД ҳамеша курсантонро даъват ва таъкидҳо менамоянд, ки аз Осорхонаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намоянд. Зеро осорхонаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон – оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи милитсияи тоҷик, пирӯзиҳо ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди ин ниҳодро инъикос менамояд. Ҷиҳати амалӣ намудани корҳои иҷтимоӣ-тарбиявӣ дар таърихи 13 апрели соли 2021 курсантони курси якуми гурӯҳҳои таълимии 104, 105 ва 106 факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Ҳангоми шиносоӣ ба осорхонаи номбурда, курсантон аз таърихи таъсисёбии милитсияи тоҷик, дастовардҳои ин сохтор, шоҳкориҳои далермардони ин ниҳод ва ғайра ба худ дарси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва садоқатмандиро гирифтанд.

1735

Ҳамин тариқ, ҳар яке аз ҷузъиётҳои дар осорхона маҳфузбуда, дорои хусусиятҳои хоси худ буда, барои курсантон на танҳо як хотираи нек гузошт, балкӣ шиносоӣ ба онҳо беҳтарин дарси таърихию фарҳангӣ ва далерию шуҷоатро гузошт.

Кураторони гурӯи таълимии 104, 105 ва106
капитани милитсия Қодирзода Ғ.Н.
капитани милитсия Музафарзода А.С.
лейтенанти калони милитсия Амонулои Ҳ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...