Мусобиқаи кушоди чумҳуриявии муҳорибаи шаркӣ дар Академия
Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонва 30-солагии таъсисёбии Академияи ВКД бо ташаббуси сардори Академия н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ мусобиқаи кушоди чумҳуриявии муҳорибаи шарқӣ баргузор гардид.
Дар расми кушоди мусобиқа муовини вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳмонзода Саиднақш Ҳаким баромада иброз намуд, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Вазири корҳои дохилӣ ба рушди варзиш тавҷҷухи хос дода тамоми шароитҳоро барои гузаронидани онҳо муҳайё намуданд.Чорбинии ҷумҳуриявии имрӯза бозгӯи ин гуфтаҳо мебошад, ки бо ташаббуси сардори Академия гузаронида шуда истодааст. Сипас сардори Академия суханро ба сафири Япония Т.Миясита дар Тоҷикистон дод. Ҷаноби сафир изҳори хурсандӣ намуд, ки дар Тоҷикистон ба якҳарбаҳои шарқӣ чунин ахамияти бузург дода мешвад ва ба кори мусобиқа барор орзу намуд.Дар оғози мусобиқа Раиси Федедератсияи Йайдзютсу ва Айкидои муҳорибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи камарбанди сиёҳ «Дан-3» Шарипов Абдулазиз баромад намуда,ба роҳбарияти ВКД ва Академия барои ташкили ин чорабинии муҳим изҳори минатдорӣ намуд.
Сипас дастаи курсантони Академия таҳти роҳбарии устоди варзиш оид ба Айкидо, дорандаи камарбанди сиёҳ, чемпиони секаратаи ҷумҳурӣ капитани милитсия Сураҷи Фирдавс истеъдоди варзиши худро намоиш дода, бинандагонро ба ҳайрат дароварданд.
Аз ҷониби Федератсияи Ҷиткундо дар ҶТ, дорандаи камарбанди сиёҳ Мирзоев Собир усулҳои якҳарбаи шарқӣ бо маҳорати баланд нишон дода шуд. Дар рафти мусобиқаи кушод Сироҷев Баҳриддин- устоди дараҷаи байналмилалӣ, раиси Федератсияи Уни-Файти ҶТ, Матлуба Каримова -дорандаи нишони нуқраи бозиҳои Осиё оид ба Уни-Файти ғайрикасбӣ, Азиза Қаюмова-дорандаи ҷоизаи «Роза Востока», Ҳомидхуҷа Ҳабибов-устоди варзиш Тоҷикистон оид ба Карате-Шинкай намунаҳои якҳарбаи шарқиро бо маҳорати баланд намоиш доданд.
Дар фарҷоми мусобиқа сардори Академия бори дигар аз ҳамаи меҳмонон, сафири Япония дар Тоҷикистон, муовини вазири корҳои дохилӣ, устодони варзиш барои ташкили чунин чорабинии варзишии сатҳи баланд изҳори минатдории бепоён намуда иброз намуд,ки дарҳои Академия ҳамеша барои онҳо боз аст.
Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.,Сураҷи Ф.