Давраи дуюми олимпиада ҷамъбаст гардид
Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиада аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ бахшида ба эълон гардидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», баргузор гардид.
Давраи дуюми Олимпиада дар байни курсантони курси якум, дуюм ва сеюм ҷамъбаст гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани Олимпиадаи мазкур, ҳавасманд намудани курсантон барои омӯзиши амиқи забонҳо, сайқал додани маҳорати забондонӣ ва дарёфту рушди қобилияти забондонии онҳо, дарёфти курсантони болаёқат дар самти забондонӣ, бедор намудани завқи онҳо ба аз худ кардани забонҳои хориҷӣ (бахусус забони русӣ ва англисӣ), ҷиҳати идома додани таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи омӯзиш ва аз худ кардани забонҳо ба ҳисоб меравад.
Ҳар як иштирокчии Олимпиада аз рӯйи шаш номинатсия: қироати ғазал, кори хаттӣ (диктанти санҷишӣ), 20-тогӣ саволҳо ба тариқи тестӣ, нақли асари хондашуда (бо риояи талаботи меъёрҳои муқарраршуда), аз вожаҳои пароканда тартиб додани ҷумлаҳо, муайян намудани муродифи 25-то калимаҳои ҳуқуқӣ ва тарҷумаи онҳо ба забонҳои русӣ ва англисӣ, иштирок намуданд.
Олимпиада аз рӯйи натиҷаи ҳар як номинатсия ҷамъбаст гардида, ғолибон аз рӯйи натиҷаҳои ниҳоии холҳо муайян карда шуданд.
Курсантоне, ки холҳои баландро ба даст оварданд аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Сипоснома»-ҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Давлатшозода Азиза