Сайри таърихӣ дар доираи солҳои рушди сайёҳӣ,ҳунарҳои мардумӣ ва деҳот
Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи солҳои рушди сайёхӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва деҳот , нақшаи чорабиниҳои корҳои тарбиявии Академияи ВКД дар соли 2021, ҳамчунин супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, рӯзи 20-уми марти соли 2021 роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони факултети № 1-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳии шунавандагони курси 1 ва 2-и таҳсили рӯзона ва курси 2 и таҳсили ғойибона ба шаҳри бостони Ҳисор сафар намуда, аз маркази таърихӣ- фарҳангии «Қалъаи Ҳисор» дидан намуданд.
Роҳбалади «Қалъаи Ҳисор» ба шунавандагон нақш ва муҳимияти ин осори таърихиро фаҳмонида, зикр кард, ки насли ҳар як фарди тоҷик бояд аз таъриху тамаддуни худ огоҳ бошад. «Қалъаи Ҳисор»-бозгӯи фарҳанги бой ва санъати меъмории тоҷикон аст,ки таваҷҷухи тамоми сайёхони оламро ба худ кашидааст. Дар ин қалъаи бостонӣ дар баробари санъати идоракунӣ,илму адаб омӯзонда мешуд.Дар рафти боздид аз ҷойҳои таърихӣ шунавандагони факултети № 1 таассуроти хотирмон бардошта, дар айёми Иди байналмилалии Наврӯз табъи онҳо болида гардида, завқи баланди маънавӣ бардоштанд.
Асламов Б.С., Сафарзода С.Н.