РАФТИ ДАРСҲО ДАР КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ имрӯз шароити муассисаҳои таълимии мақомот ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонида шудааст ва дар ин раванд барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мунтазам тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Имрӯзҳо дар Академия бо дастури бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва нақшаи таълимӣ-мавзӯӣ тасдиқ гардида, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш дар факултети №3 Академия курси такмили ихтисос ташкил карда шудааст. Бо дастуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, дарсҳои таълимии курси такмили ихтисос барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар самти Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, криминалистика, таерии ронандагӣ ва дигар фанҳо дар сатҳи баланди касбӣ аз тарафи олимон ва омӯзгорони пуртаҷрибаи кафедраҳои тахассусӣ дар синфхонаҳои махсус муҷаҳҳаз бо воситаҳои аёнии таълими гузаронида шуда истодаанд.
Тибқи нақша аз ҷониби намояндагони Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини раванди таълим ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби сеюми Раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулӣ, Мирзошариф Бедили Саъдӣ ва мутахассиси технологияи иттилоотии Раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулӣ Сироҷиддин Комрон бо шунавандагони курсҳои такмили ихтисос дар самти ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯъҳои: Санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, ки дар асоси онҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаи хориҷӣ дода мешавад, қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди касбӣ машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш., Сафарзода С.