Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рафти таҷрибаомӯзии курсантони Академия дар ШВКД - и шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

542

Тибки нақшаи таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола пеш аз хатми Академия курсантони курси панҷуми факултетҳои он таҷрибаомӯзии истеҳсолии худро дар ШВКД-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мегузаронанд.
Дар асоси талаботи фармоиш, оид ба назорати рафти таҷрибаомӯзии курсантон ва дастуру тавсияҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., аз санаи 16.03.2021 то 19.03.2021 рафти таҷрибаомӯзии курсантони курси панҷуми факултетҳои №2 ва 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШВКД-и шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб мавриди санҷиш қарор дода шуд.Дар ҳамаи ШВКД-и шаҳру ноҳияҳои болозикршуда, ки курсантон таҷрибаомӯзии истеҳсолии хешро мегузарониданд, масъалаҳои зерин мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд:
• Супориши роҳбарияти ВКД ва Академияи ВКД оид ба омодагии хуб барои супоридани имтиҳонҳои хатмкунӣ;
• Риояи талаботи қонуният ва интизоми хизматӣ ҳангоми таҷрибаомӯзӣ;
• Иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои курсантӣ ҳангоми таҷрибаомӯзӣ;
• Ҷамъоварии маводҳои намунавии парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ ва пешниҳоди онҳо ба кафедраҳои тахассусӣ пеш аз ҳимояи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ;
• Масъулияти баланди роҳбарияти ҳар як ШВКД оид ба назорати ҳамарӯзаи рафти таҷрибаомӯзии курсантон.

543

Роҳбарияти ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо қайд намуданд, ки тамоми курсантони таҷрибаомӯз дар асоси фармоишҳои дохили идоравӣ ба самтҳои алоҳидаи фаъолият (тафтишот, оперативӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ) тақсим карда шудаанд.Иштироки фаъоли курсантони таҷрибаомӯз дар дарсҳои хизматӣ, тарбияи ҷисмонӣ, ҷалби онҳо ба хизматҳои шабонарӯзӣ, вобаста гардидан ба хатсайрҳои хизмати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷамъоварии маводҳои намунавӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, риояи намудани либоси расмӣ ва муносибати мартабот бо ҳайати шахсӣ гувоҳии баҳои мусбати роҳбарияти ШВКД ба курсантони таҷрибаомӯзи Академия арзёбӣ шуд.

544

Нуридинзода С., Асламов Б.,Убайдуллоев Ш.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...