Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди намояндагони гурӯҳи Авангарди ВКД аз Академия

1663

Дар доираи ҷашнгирии бошукуҳи Иди байналмилалии Наврӯз ва тадбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалӣ намудани дастгирии давлатии ҷавонон, ширкати онҳо дар озмунҳои «Тоҷикистон-ватани азизи ман», «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст»,«Илм фуруғи маърифат», тақвияти фарҳанги китобхонӣ, мутолиаи асари «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуров, ҳамчунин бо дастури Вазири корҳои дохилӣ аз вохӯрӣ бо кормандони ҷавони ВКД, ки санаи аз 18-уми марти соли равон баргузор гардида буд, намояндагони фаъоли гурӯҳи Авангарди ВКД шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз Академияи ВКД боздид намуданд. Онҳо аз шароити муосири таҳсил, тарбия, варзиши курсантону шунавандагон, омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат аз наздик ошноӣ пайдо намуда,таасуроти амиқ бардоштанд.

166416651666

Шӯрои ҷавонони Академия ва омӯзорони Академия бо намояндагони гурӯҳи Авангарди ВКД сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ намуданд. Намояндагони гурӯҳи Авангардро роҳбарияти Академия ба муносибати иди Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар пешбурди масъулиятноки кори тарғиботи маърифатӣ ва ватандӯстии кулли ҷавонони кишвар комёбиҳои нав ба нав таманно намуданд.
Боздид дар рӯҳияи идона ва хусни тафоҳум баргузор гардида,ҳисси ватандӯстии иштирокчиёни онро боз ҳам баланд намуд. Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти Академия ба масоили тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, мудом чунин чорабиниҳои муфидро баргузор менамоянд.Дар навбати худ фаъолони гурӯҳи Авангард ба Вазири корҳои дохилӣ, роҳбарияти Академия ва Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили чунин чорабинии муфид изҳори минатдорӣ баён намуданд.

1667

Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э., Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...