Санҷиши омодабошии ҳайати шахсии Академияи ВКД
«Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини қонуният ба сомон мерасонад».
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар асоси накшаи омодагии низомии кормандони Академияи ВКД омодагии омодабошии ҳайати шахсии Академия бо борхалтаҳои саҳроӣ ва номгӯи талаботи ҳарбӣ ба ҳар як корманд гузаронида шуд. Дар ҷорабинии мазкур ҳайати шахсии Академияи ВКД фаъолона ширкат намуда, тайёрии пухтаи касбӣ нишон доданд.Чорабинӣ дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ гузаронида, аз ҳар як корманди Академия роҳбарият иҷрои бечунучарои меъёрҳои «Савганди ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи МКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30.01.1995с., таҳти №167, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», Оинномахои ВКД, Оинномаи Академияи ВКД, Кодекси одоби касбии корманди милитсия аз 17.02.2017с., таҳти №19 ва фармони №1 ВКД аз 01.01.2006 с., «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиқкати кормандони МКД ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» - ро талаб намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки гузаронидан тадбирхои зерин дар мустаҳкам намудани интизоми хизматӣ, риояи конуният ва омодагии ҳайти шахсӣ ахамияти муҳими хизматӣ-тарбиявӣ дошта, дар омода намудан ва гузаронидани онҳо роҳбарияти Академия, муовини сардори Академия оид ба кисми низоми, полковники милитсия Ализода А.Ш. сардори шуъбаи кадрҳои Академия полковники милитсия Абдуллозода А.Ё. ва кафедраи кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ саҳми доимии худро мегузоранд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.,Убайдуллоев Ш.Э.