Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар - ҷиҳати рушди варзиш дар байни бонувон

1657

Дар факултети №4 Академияи ВКД воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Саҳми занон дар мақомоти корҳои дохилӣ ва рушди соҳаи варзиш» баргузор гашт. Дар чорабинии мазкур устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук Шаҳло Ахмедова, сармураббии вилояти Суғд оид ба намуди гимнастикаи бадеӣ Нигора Қурбонова ҷалб гардида, омӯзгорзанҳо ва курсантдухтарони факултет иштирок намуданд. Масъалаҳои марбут ба фаъолияти занон дар мақомоти корҳои дохилӣ, дастоварди варзишгарзанҳои тоҷик, намудҳои варзишии дар байни занон маҳбубият доштаву рушд карда ва иштироки бонувон дар корҳои ҷамъиятӣ зимни мизи мудаввар баррасӣ шуданд.
Дар оғоз сайри таърихӣ оиди мавқеъю манзалати зани тоҷик ва ҳаёту фаъолияти эшон дар раванди давлатдории навин сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ подполковники милитсия Муъмин Очилзода баромад намуда оиди иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан-модар дар мақомоти маъмурӣ - идоракунӣ, дастгирию ғамхорӣ нисбати онҳо, фароҳамсозии шароити таҳсил ва кор дар сохторҳои муҳими давлатӣ ба иштирокчиён маълумот дод.
Мураббиёни соҳаи варзиши сабук Шаҳло Ахмедова ва Нигора Қурбонова ҳамчун ҷузъи таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ ва яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа эътироф гардидани варзишро зикр намуданд. Гуфта шуд, ки варзиш вазъи саломатӣ, ҳолати рӯҳиву равонии шахсро устувор намуда, бар замми ин барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Оммавигардонии варзиш имкон медиҳад, ки аҳолии кишвар ҳарчи бештар ба варзиш машғул гардида, тарзи ҳаёти солим ва нерӯи созандаи худро ба фарҳанги зиндагии замонавӣ мутобиқ созанд.
Дар ҷараёни миззи мудаввар оиди дастовардҳои варзишии бонувони факултети №4, иштирок ва омодагии онҳо дар мусобиқаҳои гуногуни фардиву даставӣ маълумот дода шуда, мутахассисони соҳа дастури касбии варзишӣ доданд.

16591658

Қобили қайд аст, ки дар Академияи ВКД ба рушди варзиш таваҷҷуҳи махсус дода шуда, шароити мусоид барои машқу тамрин ва ҷалби ҳайати шахсӣ ба варзиш муҳайё мебошад. Зеро солимии ҷомеа, сиҳатии комил ва нерую тавоноии ҳар як шахс маҳз ҳангоми сайқал додани обутоби бадан ва машғул гардидан ба варзиш инкишоф ёфта, дар баробари он ҷомеа низ, рушду тараққӣ меёбад.

Муъмин Очилзода,
сардори кафедраи омодагии касбӣ
ва ҷисмонии факултети №4 АВКД
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...