Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба «30 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «30 – солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзӯи «Ҷумҳурии Тоҷикисторн ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд дар арсаи ҷаҳонӣ» дар факултети №4 Академияи В

1653

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии курсантон ва ҷоннок намудани маҳфили илмии «Ҳуқуқшиносони умедбахш» дар кафедраи фанҳои давлатӣ - ҳуқуқӣ санаи 18-уми марти соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба «30 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «30 – солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзӯи «Ҷумҳурии Тоҷикисторн ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд дар арсаи ҷаҳонӣ» бо иштироки курсантони факултети №4 ва устодону донишҷӯёни ДДҲБСТ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он Сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ н.и.ҳ., подполковники милитсия Ҳоҷибобо З.М., капитани милитсия Абдураҳмонов Н.А., лейтенанти калони милитсия Ибодзода М.А., ва дигар устодону курсантон, инчунин як гурӯҳ устодон, муавини декани факултети Ҳуқуқшиносӣ Атаев А., муаллими калони кафедраи Назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ н.и.ҳ., Воситов Ҳ., ва донишҷӯён аз ДДҲБСТ ташриф оварда буданд, иштирок намуданд.
Конференсияи мазкурро Сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ Ҳоҷибобо З.М., ҳусни оғоз бахшида доир ба мафҳум ва моҳияти давлати ҳуқуқбунёд суханрони намуда, сипас риштаи суханро ба бароматкунандагони конфронс донишҷӯйи курси 4-уми факултети Ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ Одинаев Исломҷон дар мавзӯи «Баъзе аз хусусиятҳои рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолият» ва курсанти курси 3-юми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродқулов Муродҷон дар мавзӯи «Нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» супориданд, ки номбурдагон доир ба мавзӯҳои мазкур баромадҳо намуданд.
Дар ҷамбасти музокироти илмӣ – назариявӣ иштирокчиёни конфиренсия бо ҳисиёти баланди ватандустӣ, ба хулосае омаданд, ки ҷавонон новобаста аз замон ва ихтисоси кабӣ бояд, ба сохти конститутсионии ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вафодор бошанд.

Муаллими кафедраи фанҳои
давлатӣ – ҳуқуқӣ лейтенанти
калони милитсия Ибодзода М.А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...