Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАШҒУЛИЯТҲОИ САҲРОӢ БО КУРСАНТОНИ ФАКУЛТЕТИ №4

1652

Барои уствор гардонидани маҳорати ҷангии ҳар як хизматчии ҳарбӣ гузаронидани машғулиятҳои амалӣ дар ҳар гуна вазъият ва шароит, ниҳоят зарур мебошад. Зеро чунин машғулиятҳо дараҷаи омодабошии ҷангии қушунҳоро баланд ва маҳорати ҷангии онҳоро сайқал медиҳад.
Бинобар ин аз ҷониби устодони кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ мунтазам тибқи нақшаи гузаронидани дарсҳои амалӣ дар шароити кӯҳсор дарсҳои амалӣ гузаронида мешавад, ки ин яке аз унсурҳои омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ ба шумор меравад. Имрӯзҳо ташкили раванди таълим, барои тайёр намудани мутахасисони соҳаҳои ҳарбӣ ва низомӣ бояд ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад. Донишҳои назариявӣ якҷоя бо фаъолияти амалии ҳаррӯзаи кормандони МКД ва хизматчиёни ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ баҳри такмил додани савияи дониши назариявӣ ва амалии курсантон саҳми арзанда мегузорад.
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардаанд, ки «Ҷомеа ҳамеша ба низом амният ва тартиботи ҳуқуқӣ ниёз дорад дар қатори дигар масъалаҳои ҳалталаби замони муосир, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккилона яке аз масъалаҳои асосии давлатдори ба ҳисоб меравад».
Аз ин лиҳоз аз тарафи роҳбарияти факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъалаҳо диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Санаи 15.03.2021 баҳри иҷроиши нақшаи машғулиятҳои таълимӣ курсантони гурӯҳҳои ҳайати фармондеҳӣ бо роҳбарии муаллими калони кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ, подполковники милитсия Исмоилзода О.Н., доир ба мавзӯи «Дар шароити кӯҳсор бо истифодаи харитаи топографӣ бурдани амалиёти ҷангӣ» бо курсантон дар шароити кӯхсор гузаронида шуд. Ҳамзамон дар ҷараёни ин машғулияти амалӣ курсантон тартиби аз наздик шинос шудан бо маҳал ва аз рӯйи харитаи топографӣ аниқ намудани ҷойи қарордошти худ омӯхта шуда, донишҳои амалии худро сайқал доданд.
Дар раванди машғулияти амалӣ аз тарафи омӯзгори дарсдиҳанда, подполковники милитсия Исмоилзода О. дар харитаи топографии маҳал координатҳо ишора карда шуд. ки курсантон, милитсияҳои қаторӣ Ҳамидов А., Чолов Ҷ., Раҳматшоев И., Насратуллоев С., Маҳмадалиев У ва Шукруллои Р. ба осонӣ дар харита маҳалро аз рӯйи координатҳои пешниҳодгардида муайян намуданд.

1651

Ташкил ва гузаронидани чунин машғулияти амалӣ дар шароити куҳсор барои курсантон хеле шавқовар ва хотирмон гузашт, зеро онҳо ба саволҳои пешниҳод намудаи худ оид ба мавзӯи пешбинишуда ҷавобҳои мушаххас гирифта, ҳамаи онҳо аз иштрок ба ин машғулияти амалӣ хеле қаноатмад гардиданд. Зеро барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, донистан ва омӯхтани амалиётҳои ҷангӣ дар маҳал ва ҳолатҳои истифодаи силоҳҳои оташфишон шарт ва зарур мебошад.

Исмоилзода Обидҷон-
муаллими калони кафедраи
фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ,
подполковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...