Оила шоҳсутуни давлат аст
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Дар ҳақиқат оилаи солим ин ҷомеаи солим мебошад. Оилае, ки дар он сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, дастгирии ҳамдигар ҷой дорад, оилаи пойдор ва солим мебошад. Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст. Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, нерӯи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар гардонида истодаем. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 18.03.2021 бо ташаббуси роҳбари ҷамъияти илмии курсантон муаллимаи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Маруфзода М.М., бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоён ва курсантони курси 3-юми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи факултет семинари илмӣ - назариявӣ таҳти унвони “Пойдорӣ ва солимии оила - пойдорӣ ва солимии миллат аст” ташкил ва баргузор карда шуд.
Семинари илмӣ - назариявиро сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ н.и.ҳ., майори милитсия Валиев Н.Д., ҳусни оғоз бахшида аз суханрониҳои Президенти кишвар ба саҳми ҳозирин расонид. Баъдан баромадкунандагон курсантони курси 3-юми гурӯҳӣ 301 сержанти хурди милитсия Раҷабова Мавзуна дар мавзуи “Аз таърихи пайдоиши оила” ва курсанти курси 3-юми гурӯҳи 304, Сайфиддинов А. дар мавзӯи «Оила аз нигоҳи ислом» баромад намуданд. Баъди ба итмом расидани ҳар як баромадҳо аз тарафи иштирокчиён саволҳо пешниҳод карда шуда, баромадкунандагон бо ҷавобҳои мушаххаси худ иштирокчиёнро қонеъ гардониданд.
Бо ҳамин семинари илмӣ - назариявӣ кори худро ба анҷом расонид.
Роҳбари маҳфили “Ҳомии тартибот”-и
кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии
факултети №4, лейтенанти калони милитсия
Маруфзода М.М.