Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохурӣ дар арафаи Наврӯзи Аҷам

1644

Бо қарори Юнеско аз 23-юми феврали соли 2010 дар Ичлосияи 16-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттахид иди Навруз «Рузи байналмиллали Наврӯз» эълон гардид, ки ин боиси ифтихори мо, тоҷикон аст. Мо ворисони ориёӣ аз ҷаҳонишавии Наврӯз ифтихор дорем.

Бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз чун ҳарсола саҳни ҳавлӣ ва роҳраву майдонҳои сафороии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиору овезахои наврӯзӣ оро дода шуда, чорабиниҳои зиёди илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, варзишӣ баргузор гардида истодаанд.

Тибқи анъана ҳар сол дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ин муассисаи низомӣ дар баробари дигар чорабиниҳо, вохурӣ бо адибон, шоиру нависандагон, олимони варзида баргузор мегардад. 17-уми марти соли ҷорӣ вохурии шоир, нависанда ва публитсисти маъруф, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи унвонҳои ифтихории «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии телевизион ва радио» ва Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷид Салим бо кормандон ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудиву руҳу илҳоми болида дар толори факултети №6 Академияи ВКД баргузор гардид.

164516461647

 

Азбаски, қисми зиёди курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ашъори нависанда Маҷид Салим пурра ошноӣ доштанд, вохурӣ дар фазои ботантанаи адабӣ сурат гирифта, бахусус дар доираи мазмуну муҳтавои повести «Темурмалик»-и Маҷид Салим саволу ҷавоб, мулоҳизаронии тулонӣ ба ҷамомад ҳуни тоза бахшид. Нависанда дар фарҷоми чорабинӣ ба курсантоне, ки барои иштирок дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тайёрӣ дида истодаанд, бурдборӣ таманно намуд.

Давлатшоева А., Камолов Давлат

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...