Баргузории маҳфили илмӣ-адабӣ, бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Академияи ВКД
Санаи 17 – уми марти соли 2021 дар Академияи ВКД, бо ибтикори Ҷамъияти илмии «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ»-и кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, бахшида ба таҷлили ҷашни байналмиллалии Наврӯзи Аҷам, маҳфили илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Наврӯз ва эҳёи суннатҳои ниёгон», бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. маҳфили илмӣ-адабиро бо сухани муқаддимавӣ роҳбарияти Академия ифтитоҳ намуда, бо ин иди фархунда ҳозиринро табрик намуданд. Дар кори маҳфили илмӣ-адабӣ меҳмонон, омӯзгорон ва курсантон, аз ҷумла ходими илмии ШТИ ва ТН, н.и.ҳ., капитани милитсия Усмонзода С., Гадозода М. Д.- муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.ф., майори милитсия дар мавзӯи «Наврӯз: аз ойинҳои мардумӣ то ҷашни байналмиллалӣ»; Саидов Т.- курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Наврӯз ва таърихи пайдоиши он»; Раҷабов Х.- курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Суннатҳои Наврӯзӣ»; Қурбонзода М.- курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Таърихи пайдоиши Наврӯз» бо забони англисӣ; Қироати шеъри Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби курсанти курси 4-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаҳонгири Хуршед дар васфи баҳор ва зебоӣ; Қироати шеър аз ҷониби курсанти курси 3-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомназарзода Умарҷон дар васфи Наврӯз; Қироати шеър бо забони русӣ аз ҷониби курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исломзода Беҳрӯз дар васфи Наврӯз; Қироати шеър бо забони русӣ аз ҷониби курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамзаев Амиртемур дар васфи Наврӯз; Қироати шеър бо забони русӣ аз ҷониби курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бурҳонов Беҳзод дар васфи Наврӯз; Қироати шеър бо забони англисӣ аз ҷониби курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулов Ш. дар васфи Наврӯз, фаъолона ширкат намуда, дар мавзӯъҳои мухталифи илмӣ-адабӣ атрофи ҷашни байналмилалии Наврӯз маърӯзаҳои илмӣ намуда, шеърҳо қироат намуданд.
Инчунин, курсантони аъзои Ҷамъияти илмии «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ» Улуқбекова С. ва Рақамова Р., бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ ҳозиринро табрик намуда, дар доираи Наврӯзи ҷаҳонӣ ва баҳори Тоҷикистон сухан намуданд.
Дар анҷоми мизи мудаввар, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия Муҳаммад С.А., ва ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академия, полковники милитсия Асламов Б.С. сухани ҷамъбастӣ намуда, аз ҷумла иброз намуданд, ки Наврӯз мақоми ҷашни байналмиллалиро бо ибтикор ва саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиб гардидааст. Ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, ки Наврӯз ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар сатҳи ҷаҳонӣ ботантана таҷлил гардида, аз арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии тоҷикон дарак медиҳад.
Самиъзода Б.С., Сафарова С., омӯзгорони Академия