Семинари омӯзишӣ
Дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» семинар дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқии шахсони паноҳҷуянда ва гурезаҳо дар ҳошияи риояи қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Қайд намудан ба маврид аст, ки аз ҷониби ин Ташкилоти зикргардида бо курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо чандин маротиба мизи мудаввар ва семинару тренингҳо баргузор гардида буд. Семинари навбатие, ки айни ҳол сухан аз он зикр мегардад, дар меҳмонхонаи «Атлас», воқеъ дар шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми марти соли 2021 бо шунавандагони курси такмили ихтисос, сарнозирон ва нозирони Хадамоти бақайдгирӣ ва шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъияти «Инсон ва Адолат» Давлатшоев Ширинбек семинарии навбатиро ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро аввалан бо омад-омади Наврӯзи Аҷам-ҷашни миллии мо тоҷикон самимона муборакбод намуд.
Семинари омӯзиши ба хотири баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва риояи ҳуқуқи инсон равона шуда, ба амалигардонии «Консепсияи Сиёсати Ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» равона карда шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» Вазорати корҳои дохилӣ яке аз мақомотҳое мебошад, ки татбиқи сиёсатро нисбати гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Дар семинари мазкур аз тарафи мутахассисони ин ташкилот Давлатшоев Ш.З., ва Хайруллоев Ф.С., баромадҳо дар мавзӯъҳои: «Санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи гурезаҳо», «Низоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи ҳуқуқии гурезаҳо», «Шаклҳои муҳоҷирати байналмилалӣ», «Тартиби муроҷиат оид ба гирифтани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти муайян кардани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои будубоши шахсони паноҳҷуянда ва гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», хусусияти баррасии парвандаҳои маъмурӣ нисбати шахсони паноҳҷуянда ва гурезаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо шунида шуд.
Иштирокчиёни семинар ба саволҳои сершумори хеш посухҳои мушаххас гирифта, мутобиқи барнома семинар пас аз музокираҳо ба анҷом расид.
Маъруфиён Б.М.