Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ № 4

1614

Санаи 5-уми марти соли равон дар асоси нақшаи илмӣ-татқиқотии факултети № 4 Академия ВКД Ҷумурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ҳайати профессорон ва омузгорон, инчунин курсантони курсҳои 3 ва 4 мизи мудаввар дар мавзӯъи «Методи боварикунони дар самти фаъолияти нозири минтақавии милитсия» аз ҷониби кафедраи «ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ» ташкил ва баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чунин маҳфилҳои характери илмӣ-назариявӣ ва амалидошта ин дар амал татбиқ намудани Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1291 аз 30.06.2012 сол «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсияи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» инчунин дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академия бобати тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа. Чорабинии мазкур бо суханони ифтитоҳии муовини сардори факултет оид ба таълим, полковники милитсия Муҳаммадзода Н.Б. кушода гардида қайд карданд, ки нозирони минтақавии милитсия дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, вобаста ба самти хизматашон барои огоҳкунӣ, пешгирӣ ва кушодани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурию ҷиноятӣ яке аз ҷойи муҳимро ишғол менамояд. 

1615

Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ подполковники милитсия Абдусатторзода Н.А., дар мавзӯъи «Методи боварикунонӣ дар фаъолияти нозири минтақавии милитсия» маъруза намуда, шаклҳои гунонгуни истифодаи методи боварикунониро аз ҷониби нозирони минтақавии милитсия дар фаъолияти худ ба саҳми иштирокчиёни маҳфил расониданд. Сардори минтақаи хизматии №1 майори милитсия Раҷабзода Мубориз ва сардори минтақаи хизматии №3 подполковники милитсия Додобоев А, зимни баромади худ қайд карданд, ки нозирирони минтақавии милитсия имруз бо тамоми шароити корӣ муҳайё буда, дар асоси нақша-чорабиниҳои ВКД, РВКД ва ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд бо аҳолӣ дар якҷоягӣ дар минтақаи хизматии худ баҳри пешгирӣ намудани ҳамагуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ корҳои фамондадиҳӣ, огоҳикунонӣ ва вохуриҳои судманро амалӣ карда истодаанд. Иброз доштанд, ки барои боз ҳам боварии халқро ба мақомоти милитсия мустаҳкам намудан мо кормандони милитсия бахусус, нозирони минтақавӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандону сокинон марҳила ба марҳила бо корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимӣ вохуриҳо гузаронида истодаем, ки яке аз вазифаи нозири минтақавии милитсия ба ҳисоб меравад. Дар рафти чорабини саволу ҷавоб дар байни маърузачиёну иштиродрон бахусус курсантон ба вуҷуд омада аз ҷониби сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ н.и.ҳ., майори милитсия Валиев Н.Д. ва омузгорону маърузачиёни дар боло номбар шуда ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Асадхони Аҳадхон - сардори кабинети кафедраи ҳуқуқи
маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ,
капитани милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...