Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МОДАР ФАРИШТАИ ИЛОҲӢ

1593Модар, эй қиматтарин неъмати рӯи дунё, эй сарчашмаи муҳаббат, эй фариштаи илоҳи ту азизу муқаддас ҳасти ва чун мисли хуршед ҳастӣ , ки ба дилҳои мо фарзандон гармии худро мебахши, ту бузург ҳасти, туро ҳам дӯст медорад, бе ту зиндагӣ вуҷуд надорад. Ту ҳасти ки ҳамаҷо гулрезу гуловез ҳаст, нури тобони чароғе дори, ки ба ҳар як хона нурпоши мекунӣ, туро дӯст медорам, эй модари шабзиндадорам. Модар барои ҳар як инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муққадастарин мафҳум яъне Ватанро ба модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар як хонадон ганҷи бебаҳо ва фариштаи илоҳиест барои фарзанд.

Навои булбул омад ёд кардам алаҳоятро,
Сари гаҳвора зери лаб суруди хушнавоятро.
Ман охир ёд кардам ёд кардам модари ҷонам,
Адоятро навоятро ҳама меҳру вафоятро.

Чихеле ки ба мо маълум аст занро зинати хона, устод атфол ва муаллими наслҳо мегуянд. Воқеъан ҳам агар зан дар оила бо ақлу бо фаросат, сариштакору озода бошад худрову атрофиёнашро аз ҳолатҳои ногувори зиндагӣ эмин нигоҳ медорад. Раванди тадбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеъа баррасиву ҳалли мушкилоти ҷойдошта пешгирии зуҳуроти номатлуб ва тадбирҷуйҳои баҳри маърифатнокии бонувон чи ислоҳотӣ таҳавулоте ба миён овардааст. Чихеле ки мегуянд:

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчӣ аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Оре саодати зиндагӣ дар калимаи зан- модар нуҳуфтааст. Беҳуда нагуфтаанд модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Дар васфи модар чи қадар шеъру таронаву суруд бихонем, бинависем кам аст чунки олиҳаи ҳастӣ ҳамаи мавҷудоти руи замин, зан- модар аст. Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғуши гарми модар қимати ӯро дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад модар.

Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба иззати ин ганҷи бебаҳо расида метавонем. Гоҳ дар дарёи пуршуру ҷавонӣ ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромӯш месозем. Аммо баъд аз кирдори худ пушаймон гашта, ӯро намиёбем. Оре, давлати фарзанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибони олам симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, номашро то Моҳ баровардаанд. Модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта бо номи он хотима меёбад. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд.
Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад. Дасти дуои модар калиди дари хушбахтии мост. Чихеле ки ба мо маълум аст дар сар то сари ҷумҳуриаамон иди бонувон қайд гардидааст ва дар асоси иҷрои талаботи нақша чорабиниҳои асосии Коллеҷ ва иҷрои талаботи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ санаи 5 марти соли 2021 бо ҳайати професорону омӯзгорон ва курсантони «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии фарҳангию фароғатӣ бахшида ба “Рузи модар” гузаронида шуд. Сараввал сардори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Ҳайдарзода Шоҳмурод Ҳайдар, чорабинии мазкурро бахшида ба «Рӯзи модарон» кушода эълон гуфта, бонувонро аз самими қалб табрик намуд. Дар идомаи чорабини аз ҷониби дастаи ҳаваскорон ва курсантони Коллеҷ табрикномаҳо, порчаҳои шеъри ва суруду саҳначаҳои тарбиявии бахшида ба “Рузи модарон” пешкаши тамошобинон гардид. Дар анҷоми чорабинии аз ҷониби сардори Коллеҷ ба кормандзанон туҳфаҳои хотиравӣ бахшида ба рузи 8-уми март тақдим карда шуда аҳли толорро ба сари мизи идона даъват намуданд.

И.в. сардори кафедраи фанҳои бехатарӣ аз сӯхтор
лейтенанти калони хизмати дохилӣ
Сафарзода Хуршед.

И.в. сардори кафедраи фанҳои дақиқ ва забонҳо
МДТ “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон”
лейтенанти калони хизмати дохилӣ
Фозилова Шаҳноза.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...