Ҷамъбасти озмуни «Курсанти беҳтарини самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар Академия
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкил ва гузаронидани озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат», ки аз Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26-декабри соли 2021 бармеоянд, ҳамчунин дастури Вазири корҳои дохилӣ оид ба эълон намудани «Соли хониши 2020-2021 солҳои омӯзиши ФОҶ» дар Академия бо ташаббуси сардори Академия озмуни «Курсанти беҳтарини самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» гузаронида ҷамъбаст гардид.
Дар озмун шумораи зиёди курсантони курсҳои чорум ва панҷуми факултетҳои Академия фаъолона ширкат намуда, ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ бо фармоиши Вазири корҳои дохилӣ бо маблағхои пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Боиси тазаккур аст, ки бо дастури Вазири корхои дохилӣ ва роҳбарияти Академия баҳри баланд бардоштани савияи дониши курсантони Академия пайваста тадбирҳои зиёде гузаронида мешаванд, ки натиҷахои самарабахш медиҳанд.
Асламов Б.С.,Сафарзода С.Н.,Убайдуллоев Ш.Э.