Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Об муъҷизаи табиат

527

Тоҷикистон аз ҷиҳати дороии оби тоза дар дунё яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Зиёда аз 50 адад дарёҳои манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ, ки аз оби яху борон пур мешаванд, дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ нақши муассир доранд. Новобаста аз аҳмияташ баъзе шарвандон дидаю дониста ба об ҳар гуна партовҳо мепартоянд ва боиси ифлосии он мегардад.
Яке аз масълаҳои муҳими замони ҳозира ҳифзи сарватҳои табиат аст.Агар мо обро сарфакорона мавриди истифода қарор дода, софии онро таъмин созем, ҳаёти солимро хоҳем дарёфт. Тарзи солими зиндагӣ ба маданияти баланди худи инсон вобаста аст. Субҳ оламро мунаввар мегардонад, вале об вуҷуди оламу оламро пок сохта,равшан менамояд.
Модоме, ки асоси зиндагии ҳама мавҷудоти олам обро медонем,пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чу насоси ҳастӣ чароғи равшандиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин муъҷизоти бузургро ифлос гардонад,ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад, зеро:
Зи ҷӯе, ки аз он хурди ту оби пок,
Набояд фиканданд дар он сангу хок.

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушнои ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист.

Об бошад гавҳари қиматтар аз лаълу гуҳар,
Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

Об ҳаст ободи ҳаст, мегуянд. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумуъ ва пояндагии ӯ қарор дорад. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида инсон нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу буй, таровату пояндагӣ мегиранд. Бе об ҳаёт маъно надорад. Мутасифона бархе аз инсонҳои беандеша ва номурод дидаю дониста обҳоро ифлос мегардонанд. Дар дарёҳо ва ҷуйҳо партовҳо мепартоянд, ки ин амал ба зарари ҷомеа мегардад.
Обро инсон барои нушидан, пухтани хурок, шустушуй намудани манзил, тозагии кучаҳо, обёрии заминҳо истифода мебаранд. Ин чунин одамон дар об ҳам заврақу кишти ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда,ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз низ ҳаракат мекунад. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад, дар фабрикаву заводҳо обро барои таёр кардани маҳлули рангҳо, коркарди пуст, таёр кардани қоғаз, собун, нонпазӣ ва нушокиҳои гуногун истифода мебаранд.
Мо, Тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираҳои об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кули гуногун ҳаҷм, даҳо ҳазор чашмаҳои одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Ин маъхази бузург, ки одамро асос аст, об аст. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад, аз қадимулаём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: Об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.
Пас, “об рушноӣ” гуфтани халқ ҳикмати сабзи олам буда . инсониятро баҳри ҳифзи ин неъмати бебаҳо ҳидоят менамояд.

Муаллими кафедраи фанҳои
дақиқ ва техникии МДТ Коллеҷи
милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти милитсия Ибрагимов Бахтиёр
қатории милитсия Шарифзода Муҳаммад

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...