Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Замони муосир мутахассисро талаб менамояд

Akademiy

“Барои иҷрои муваффақонаи вазифаҳое, ки дар назди мақомоти корҳои дохилӣ гузошта шудаанд, тағйиротҳои куллӣ дар сиёсати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ бо роҳи гузаронидани аттестатсия ва тоза кардани сафи мақомот ва сохторҳои мазкур аз шахсони тасодуфӣ ва ҷалб кардани кормандони ҳаматарафа, ботарбия, содиқ ва вафодор ба халқу Ватан зарур мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, дар давраи ташаккул ва инкишофи худ роҳи душвори омода намудани нақшаю барномаҳои таълимиро баҳри тайёр намудани кадрҳои соҳибмаълумот барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат аз сар гузаронидааст. Зеро дар солҳои аввали фаъолияти он вазъияти ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангию иқтисодии мамлакат мураккаб гашта, омӯзгорони касбӣ, ки асосан русзабонон буданд, ҳудуди ҷумҳуриро тарк намуданд. Ба ҳамаи ин душвориҳои замона ва норасоиҳои кадрҳои илмӣ-педагогӣ нигоҳ накарда, ҷараёни таълим дар Академия идома ёфта, ҳайати профессорону омузгорони он мунтазам пурра гашта истодаанд.
Ислоҳот ва дигаргунсозиҳое, ки дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ гузаронида шуд, дар муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ, маданию иқтисодӣ ва ҷаҳонбинии ҳар як сокини ҷумҳурӣ такони куллиро ба вуҷуд овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аъзои созмонҳои байналмилалӣ гаштааст балки дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ дар сиёсати мустақили хешро пайдо намуд.
Дар ҳар як баромади худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи омода намудани мутахассиони баландихтисосро барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид менамояд.
Вобаста ба ин яке аз вазифаҳои дар назди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ истода тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои ниёзи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ мебошад.
Самтҳои асосии фаъолияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ин таъмини раванди таълим, пешбурди корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ, нашриётӣ ва байналмиллалӣ мебошад.
Барои тайёр намудани кадрҳои соҳибмаълумоти ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат, дар 6 факултетҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки зиёда аз 26 кафедраро дарбар мегирад, беш аз 200 нафар ҳайати профессорону омӯзгорон, ки аз онҳо 10 нафар доктори илм, профессорон, 32 нафар номзадҳои илм, дотсентон мебошанд, кору фаъолият намуда, мутахассисонро дар самтҳои идоракунӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ, тафтишотӣ, ҳолатҳои фавқулода ва фармондеҳӣ тайёр менамоянд.
Барои амалӣ сохтани вазифаҳои номбурда Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар фаъолияти худ пеш аз ҳама Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маъориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оинномаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар асноду ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқиро ба асос мегирад.
Ҳайати пурқуввати профессорону омӯзгорон аз имкониятҳои фароҳамовардаи роҳбарияти Академия дар самти такмили ихтисос ва баланд намудани савияи дониши илмию методии худ дар семинарҳо ва тренингҳои аз тарафи муассисаю созмонҳои хориҷию дохилӣ доиршаванда баҳравард гардида, тамоми нерӯи илмию методии худро ба он равона сохтаанд, ки муҳассилин аз донишҳои ба онҳо додашаванда истифода намуда баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, осудагии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ҳамарӯза барои беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва барои баланд бардоштани савияи дониши курсантону шунавандагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ кушиш ба харҷ бурда истодаанд. Вобаста ба курсантону шунавандагони Академия низ барои баланд бардоштани дониши худ кушиш ба харҷ намуда дар олимпиадаҳои Ҷумҳурӣ ва байналмиллалӣ иштирок намуда ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.

Хонкилдиев А.Б., сардори кабинети кафедраи
тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисосии факултети
№4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.
Муроди Б.А. , сардори кабинети кафедраи
фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети
№4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...