Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихори миллии донишҷӯён

1601

Рӯзи 22 феврали соли 2021, дар факултети забонҳои хориҷии МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ, бахшида ба 28-умин солгарди рӯзи Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндаи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллимаи кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, старшинаи милитсия Ревазода М.Р., декани факултети забонҳои хориҷӣ, профессор Абдуллоева М.А., ноиби декан оид ба корҳои тарбиявӣ Ахмедова З.Д., мудири кафедра Азимова С.Р. ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюм ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур ҷиҳати амалигардонии фармони ВМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон №322 ва Консепсияи миллии тарбия гузаронида шуда, ҳадафи асосии баргузории он бедор намудани ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихори миллии донишҷӯён мебошад.
Сараввал суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зинда сароида шуд, ва дар қисми якуми чорабинӣ, декани факултети забонҳои хориҷӣ, профессор, Абдуллоева М.А. чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёни ин факултетро бо рузи 28-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Қайд карда шуд, ки сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои вазнин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодонамон ва ҳимоя намудани дастовардҳои беназири Истиқлолияти Тоҷикистони азизамон хизмати содиқонаву арзанда мекунанд.
Декани факултет аз фурсати муносиб истифода намуда ба ҳамаи афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тансиҳативу хотирҷамъӣ, осоиши рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон муваффақияту комёбиҳои беназирро орзу намуд.
Муаллимаи кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, старшинаи милитсия Ревазода М.Р. низ баромад карда қайд намуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда он дар шароити басо вазнин таъсис ёфтааст. Сарфи назар аз мушкилотҳои зиёд ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ роҳи пурпечутоби сангинеро тай карда, имрӯз он дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу Ваҳдат дар ҷомеа мебошад.

1602

Дар қисмати фарҳангиву фароғатии чорабинӣ, барои болидахотирии табъи ҳозирин якчанд барномаҳои ҷолиби диққат аз ҷониби донишҷӯён пешкаш гардидаанд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз тарафи мудири кафедраи фонетика ва лексигологияи забони англисӣ Азимова С.Р. меҳмонони чорабинӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардонида шуданд.
Инчунин, 23 феврали соли 2021, дар толори Гимназияи № 24 шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров бахшида ба 28-умин солгарди рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ ва фарҳангӣ - фароғатӣ ташкил карда шуда буд, ки дар ин чорабинӣ кормандони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори факултети № 4 оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б., муаллимаи кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, старшинаи милитси Ревазода М.Р. ва корманди шуъбачаи хоҷагидорӣ, милитсия қаторӣ Олимов М.А. иштирок намуданд.
Муовини сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б. суханронӣ намуда ҳозиринро бо рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Сипас, толибилмони гимназия, ки дар мусобиқаҳои варзишии дохилимактабӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, бо ифтихорномаҳо сазовор гардонида шуданд.
Ин чорабинӣ аз ду қисм иборат буд, ки қисми якуми чорабинӣ дар бораи таърихи 28-умин солгарди рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми дуюми чорабинӣ фарҳангӣ- фароғатӣ буд.

Ревазода М.Р.- муаллимаи кафедраи фаъолиятӣ
оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, факултети
№4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...