Родмардони ватан
Меҳр бар Модар- Ватан дар қалби мо имони мост,
Юсуфему гарди домони Ватан Канъони мост.
Дасту пои мо зи тан афтад, агар дар ҳифзи он,
Он чӣ онро боз месозад, дифоъ дандони мост.
Дар ғаму шодии ин Модар- Ватан будан ба ҳам,
То даме, ки ҷон ба тан дорем, то паймони мост.
Мафҳумҳои Ватан ва ватандӯстӣ барои ҳар як миллату қавмҳо хеле азиз буда, мазмуни хеле амиқ дорад. Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон аст. Ватанро модар низ мегӯянд. Агар модари аслӣ моро ба дунёи ҳастӣ оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагӣ оғуш кушодааст. Оромиву шукуҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як шаҳрванди он вобаста аст. Оромии кишварро Қувваҳои Мусаллаҳи он таъмин менамояд. Қувваҳои мусаллаҳи ҳар як давлати дунё аз шаҳрвандони бо ору номус ва ватандӯсташ ташкил меёбад. Дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намудан ифтихори ҳар як шаҳрванд аст.
Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,
Агар рӯбаҳ далер ояд, шер аст.
Далероне, ки дур аз бим буданд,
Сипаҳсолори ҳафт иқлим буданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмиллалӣ буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад. Бо мақсади мудофиаи мамлакат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-уми феврали соли 1993 таъсис дода, ӯҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он барои муҳофизати истиқлолият ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медиҳад.
Ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипари шуд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ садҳо ҷавонони ҷисман обутобёфта, зираку чолок руҳияи баланди ватандӯстидошта бо сарбаландӣ адои хизмат мекунанд, ки дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон ҳиссаи муносиби хешро гузошта истодаанд.
Чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудааст: « Барои насли наврас яке аз муҳимтарин макотиби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо, ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд».
Ватан, то чи дараҷа муқаддас ва дифои он барои ҳар як шахс муҳим аст. Яъне соҳибватан будан шараф ва акси он – беватанӣ бешарафии дарднок аст. З-ин рӯ ҳар як фардро лозим меояд, Ватани хешро дӯст дорад, азиз дорад ҳар як кафи хоки Ватанро ҳифз намояд.
Бошад Ватан чун ҷони мо, аз гӯшаи имони мо,
Чун меравад аз мо Ватан, аз сина имон меравад.
Сусти макун, эй ҳамватан дар хизмати халқу Ватан,
Зеро, ки вақт аз дасти мо чун тири паррон меравад.
Модар – Ватан бо ҳазорон орзую умед моро ба воя мерасонад, ки ҳангоми ба сараш таҳдид кардани хатаре, пеш омадани бадбахтие аз як гиребон сар бароварда, бо дилу ҷон ва бо тамоми вуҷудамон онро ҳифз кунем, нагузорем, ки душман қадами номубораки хешро ба ин хоки муқаддас гузорад, ӯро саркӯб ва торумор намоем. Дар ин роҳ агар зарур ояд, ҷон супорем. Ватан фарзандони қаҳрамон, шаҳидони озодипарасти хешро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Номи онҳо ҳамеша зинатбахши дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи халқамон хоҳад буд. Бубинед, қаҳрамониҳои Спитамен, Шерак, Деваштич, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ, Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Саидқул Турдиев, Мираненко ва садҳо дигар магар фаромӯш шудаанд, ё фаромӯш мешаванд?
На, ҳаргиз! Бигзор, ҷасорату ҳушёрӣ, чусту чолокӣ пайваста ҳамқадами сарбозону афсарони тоҷик бошад.
Дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонон ва муқаддас донистани ҳар зарра хок ва ҳар катра оби Ватан яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеъа ба шумор меравад. Ҷавонон насли ояндасозу бунёдкори ҷомеа мебошанд. Ҷавонон нерӯи бузурганд хоса дар ҷумҳурии мо, ки қисми зиёди аҳолиашро ҷавонон ташкил мекунанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯри бо ҷавонон қайд намудаанд: «Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама ба зимаи шумо вогузор аст. Шумо бояд ватанро дар баробари модари худ дӯст доред, қадр кунед ва ҳифз намоед.» Мо низ ин суханони сарвари давлатро дастгири намуда кӯшиш менамоем, ки ҳамқадами замон бошем.
Сардори кафедраи муҳандисӣ-техникии
МДТ «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон»
майори хизмати дохилӣ
Тураева Ҳусноро