Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амалигардонии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

Akademiy

Тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, 17-уми августи соли 2020 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таҳсили 2020-2021 солҳои омӯзиши фанни фаъолияти оператвӣ-ҷустуҷӯӣ эълон гардид буд. 

Бахшида ба ин иқдоми наҷиби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи ВКД чорабиниҳои зиёде дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор гардида, Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ, ки дар таърихи 25-уми феврали соли 2021 таҳти унвони «Амалигардонии фаъолияти оператвӣ-ҷустуҷӯӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» баргузор гардид, давоми мантиқи ин чорабинҳо ба ҳисоб меравад.
Дар Конференсияи зикргардида намояндагон аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кофтуковӣ ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар мавзӯи «Амалигардонии фаъолияти оператвӣ-ҷустуҷӯӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маърӯза намуданд. Маърӯзачиён ба саволҳои сершумори иштирокчиёни чорабинӣ дар доираи мавзӯи баррасигардида ҷавобҳои мушаххас гардонданд.
Дар фарҷоми Конференсия маърӯзачиён аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравӣ қардонӣ гардиданд.

Аҳтамшозода С.А., Сафарзода С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...