Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот

1579Роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва ҳайати тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахтзода Хуршед Худойқул – муовини сардори факултети № 4 оид ба қисми низомӣ, подполковники милитсияро ба муносибати дар санаи 25-уми феврали соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии Д12.20.614 назди Донишгоҳи давлатии Ҷалол-Обод ба номи Б.Осмонов, Донишгоҳи байналмилалӣ ба номи К.Ш.Токтомаматов ва Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ таҳти унвони “Институт военного управления Таджикистана в VIII-XIII вв. (историко-правовое исследование)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқ аз рӯйи ихтисоси 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бо самимияти беандоза муборакбод гуфта, музаффариятҳои беназирро хоҳонанд.
Расидан ба чунин як дараҷаи волои илмӣ пеш аз ҳама барои аҳли қалами Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беҳтарин ба шумор меравад. Чунин арзёбии олимони мо беш аз пеш аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аст ки танҳо баҳри рушду равнақи миллату Ватан равона карда шудааст, бармеояд.
Бо боварии том гуфта метавонем, ки дастоварди Шумо баҳри пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳавасманд гаштани олимони ояндаи ин даргоҳи илму маърифат, мусоидат хоҳад кард.

Муовини сардори шуъбаи адъюнктураи
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия Ҳоҷивалиева Т.А.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...