Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории конференсияи минтақавии амниятӣ дар Афғонистон

1578

Нимаи дуюми моҳи феврали соли 2021 дар шаҳри Кобул конференсияи минтақавии амниятӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Покистон, Озорбойҷон ва ИМА баргузор гардид.
Мавзӯи асосии конференсия муборизаи муштараки минтақавӣ алайҳи терроризм ва экстремизм буд. Дар конференсия Баёнияи умумииҳамкории муштарак дар муқовимат бар зидди терроризм кабул гардид. Дар кори конференсия ҷониби Афғонистон иттилоъ дод, ки аз ҳисоби шаҳрвандони ИДМ ғуншавии гурӯхҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ба назар мерасанд, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ вазифадоранд, ки муштаракан ба онҳо муқовимат намоянд.
Дар бораи густариши қолаби ҳамкории 5+1 ва ҳамроҳшавии Афғонистон ба лоиҳаи нави ҷониби ИМА бо номи «Осиёи Бузурги Марказӣ» низ сухан рафт.
Карор гардид, ки давлатхои иштирокчиёни конференсияи минтақавии амниятӣ дар бораи табодули иттилоот ва чорабиниҳои зиддитеррористӣ минбаъд ҳамкорӣ намоянд.
Яке аз масоили мубрам дар конференсия халли мусолиҳатомези қазияи Афғонистон буд, ки гурӯхҳои террористӣ ба он монеъ мегарданд.

Асламов Б.С.,
Самиъзода Б.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...