Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аҷаб гуворост лафзи модар

1576

Забони модарӣ инъикоскунандаи нотакрори эҷоди инсоният дар раванди таҳаввули ӯ мебошад. Ҳамчун воситаи муошират, дарк ва мулоҳиза забон низ ҳамон чизеро тафсир медиҳад, ки мо ҷаҳонро мебинем. Инчунин робитаи дирӯз, имрӯз ва фардоро барқарор менамояд… Забонҳои модарӣ барои он беҳамтоянд, ки чӣ нақшеро, ки онҳо дар шахс аз рӯзи мавлудаш мегузоранду диди махсуси чизҳоро ба ӯ ато мекунанд, он воқеан ҳеҷ гоҳ нест намешавад. Ин новобаста ба он аст, ки шахс минбаъд бо чанд забон гуфтугӯ мекунад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ -ин як василае барои ворид шудан ва ошноӣ пайдо намудан бо диди ҷаҳони дигар, бо рафтору муносибат мебошад. Хушбахт халқу миллатест, ки бо забони модарии худ андеша мекунад, мулоҳиза менамояд, таҳлилу баррасӣ мекунад ва бо ҳам суҳбат менамоянд. Таърих забонҳои зиёдеро ёд дорад, ки замоне онҳо ҳамчун забони абарқудрат истифода мешудаанд. Вале бо гузашти айём бо сабабҳои дохиливу берунӣ аз арсаи таърих нопадид гаштаанд. 

1577

Мояи хушбахтист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дурусту оқилонаи забонӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳар як шахси бедордилро вазифадор мекунад, ки пайи тозагии забон камари ҳиммат бандад. Пешоҳанг ва ташаббускори ҳама гуна иқдомоти наҷиб дар робита бо забони давлатӣ ва забони миллии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои наҷиб дар роҳи ҳифз ва рушду такомули забони миллӣ пайваста талош меварзанд. Бахшида ба ин санаи таърихӣ, яъне Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Забони модарӣ-манбаи бақои миллат» бо иштироки устодон ва курсантони факултетҳои №2,5,6 дар синфхонаи махсуси лингофонии муҷаҳҳаз бо техникаи муосир, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баргузор гардид. Курсантони фаъоли курси якум, дуюм дар бораи таърихи забони модарӣ-тоҷикӣ, таърихи забони русӣ-забони муоширати байни миллатҳо ва забони англисӣ-забони байналмилалӣ маърӯзаҳо карда, инчунин, бо се забон шеърхонӣ, байтбарак, тезгӯяк, чистонгӯяк, бозиҳои шавқоварро бо маҳорати баланди забондонӣ иҷро намуданд. Ходими калони илмии Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Асламов Б.С. дар фарҷоми чорабинӣ ба маҳорати забондонии курсантон бахои баланд дода, онҳоро ба боз ҳам баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷаҳонбинии шахсро васеъ менамояд, мутолиаи китобҳои бадеӣ, интизоми намунавӣ ва содиқ будан ба Савганд ҳидоят намуд.

Давлатшозода Азиза, Убайдуллоев Шавкат

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...