Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОЗДИД АЗ МАКОНҲОИ ТАЪРИХИИ КӮЛОБИ БОСТОНӢ

1572

Тибқи мактуби воридшудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикисто ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оиди ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҳимоя намудани осори ниёгон, таблиғу ташвиқ ва эҳёи ҳифзи мероси гаронбаҳои аҷдодонамон, субҳи 14-уми феврали соли равон, мо ҳайати кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Муҳаммад С. А. н.и.с., дотсент, подполковники милитсия, сардори кафедра, Сафарзода М.М., майори милитсия муаллим ва муаллим ҳамкори кафедра Одинаев С. озими шаҳри бостонии Кӯлоб шудем.
Саравал мо аз муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии Осорхонаҳои Кӯлоб» Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хатии ба номи мутафаккири барҷастаи Шарқ Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дидан намудем. Лозим ба ёдоварист, ки дар муассисаи мазкур фаъолияти масъулони соҳа хело хуб ба роҳ монда шуда, аз пазироии меҳмонон сар карда, то ба нигоҳу бини гирду атроф ва лавҳаву навиштаҷотҳои ин ҷой хуб ба роҳ монда шудааст.
Аз ҳама бештар, диққати моро тарзи ҷобаҷогузории нигораҳо ва ашёҳое, ки онҷо маҳфуз мебошанд ба худ ҷалб намуд. Зеро ҳар яке бо дарназардошти хусусияти таърихиву марҳилаи ба худ хос ҷой дода шудааст, ки диққати бинандаро ба худ ҷалб намуда, таассуроти воло ба кас мебахшад. Инчуни дар шароити хуб ва тозаву озода қарор доштани утоқҳо, гирду атроф ва даромадгоҳи муассисаи мазкур боиси зикр мебошад.

Дар маҷмӯъ, аз шарту шароити нигоҳдорӣ ва қабули меҳмонони муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии Осорхонаҳои Кӯлоб» Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хатии ба номи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, изҳори қаноатмандӣ эҳсос мешавад ва метавон гуфт, ки дар зеҳни бинандаи ин муассиса таассуроти воло дар бораи таърихи ниёгони гузаштагони халқамон бардошт ҳосил мешавад.

Баъдан, мо устодони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД ба Муассисаи давлатии мамнӯъгоҳи таърихӣ – фарҳангии «ҲУЛБУК»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намудем. Дар муассисаи мазкур, шахсони мутасаддӣ моро хуб пазироӣ намуданд ва мақсад аз омадани моро ба онҷо иқдоми нек номиданд.

Сипас роҳбарияти муассиса шахси масъул (роҳнамо)-и муассисаро ба мо ҳамроҳ намуда, фармуданд, ки барои дидан намудани шароити буду боши ин ҷо ба мо мусоидат намоянд. Дар воқеъ, зимни аз назар гузаронидани ёдгориҳои таърихии дар инҷо ҷойдошта, як сайри таърихии хотирмон доштем. Ҳамзамон, боиси қайд мебошад, ки тамоми ашёҳои мавҷуда, бо дарназардошти давра ва хусусияти таърихияш ҷой дода шудаааст.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин муассисаи давлатӣ ҳангоми ташрифи меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар барои ошно кардани онҳо бо давраи муайяни таърихи аҷдодонамон хело хуб мусоидат менамояд. Ҳамзамон саъю талоши роҳнамо (гид)-и ин муассиса шоистаи таъриф мебошад, ки метавонад меҳмононро бо маълумотҳои зарурӣ таъмин намояд.

1573

Хулоса, он бардоште, ки мо аз сафари худ ба шаҳри бостонии Кӯлоб ва ҷойҳои таърихӣ доштем, аввалан барои пешниҳоди маълумотнома дар бораи ин ҷойҳои таърихӣ тибқи мактуби воридшуда, баъдан дар байни шогирдон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқ ва тарғиби ёдгориҳои таърихии миллати куҳанбунёди тоҷикон, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани онҳо саъю талош менамоем.

Муҳаммад С. А., Сафарзода М.М., Одинаев С.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...