Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН!

1571Артиши миллии Тоҷикистон, ки баъди соҳибистиқлол гардидани давлатамон таъсиси гардида ва бе ягон заминаи меросии моддиву техникӣ ташаккулу такомул ёфт ва аз имтиҳони сангини таърих гузаштааст.
Тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ вазифаи муқаддаси хешро дар бобати ҳифзи амнияти давлат ва сулҳу суббот дар кишвар, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи байналхалқии Тоҷикистони соҳибистиқлол қувва, вақт ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани хеш ҳамчун фарзанди бонангу номус содиқона ва софдилона хизмат мекунанд. Танҳо шахси ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Барои таҳкими нерӯи мудофиавии кишвар, ҳифзи боэътимоди сарҳадоти давлатӣ мо натанҳо ба мутахассисони содиқи низомӣ, балки ба сарбозони бомаърифат соҳибфарҳанг, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта ва аз сидқи дил хизмати ҳарбиро ихтиёр карда эҳтиёҷ дорем. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ватандӯсти ин арзи садоқатба ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли арзиш ҳои миллӣ аз тамоми манфиатҳо бологузоштани манфиати давлату миллат зоҳир мегардад.
Қувваҳои мусаллаҳи мо ҳимоятгари воқеии истиқлолияти ватан, амнияти кишвар ва сулҳу суботи мамлакат мебошанд. Тарғиби талқини ғояҳои худогоҳиву худшиносӣ ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва омӯхтани таърихи миллат вазифаи ҷониву имонии ҳар фарди ҷомеа мебошад. Артише, ки дар интизоми қатъи вуҷуд надорад, артиши қобили кору ҳарб ва соҳиби эҳтиром буда наметавонад.
Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътимол овардани вазъи мамлакат ва пуштибонии сулҳу суббот, фурӯ нишондаи ошубҳои исёнгарона ва зарбаи қатъи задан ба ҳамлаҳои берунӣ, несту нобуд сохтани гурӯҳҳо ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, пешгирии табаддулотҳои ҳарбӣ ва қочоқи маводи мухаддир хизмати беназир намуданд.
Барои таҳкими оромию суботи ҷомеа афзун сохтани қудрати мудофиавии мамлакат ва ҳимояи марзҳои давлати ба Кувваҳои мусаллаҳи мо зарур аст, ки омодагии худро ба талаботи замони муосир мутобиқ созанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ба ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ, таъминоти моддию техникӣ, баланд бардоштани қобилияти ҷангиву омодагии ҳарбии воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ ва тарбия намудани кадрҳову мутахассисони варзида таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд.
Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таъсис додани қӯшунҳои зудамал ба Гвардияи миллӣ табдил додани собиқ Гвардияи президенти ва таҷдиди сохтори он беҳбудии таъминоти модиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ба роҳ мондани тарбияи кадрҳои низоми ва дастгирии ичтимоии хизматчиёни ҳарбии аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки дар солҳои охир дар амал тадбиқ гардидаанд.
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд пеш аз ҳама дорои ҳисси баланди ватандӯсти интизоми қатъи маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ бошанд. Чун, ки артиш симои миллат ва бақои умри давлат аст. Интизоми оҳанин нишондиҳандаи беҳтарини ҳайати шахсии артиш ва шарти аввали обрӯи он аст.
Мо ҳама дар назди халқу ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва тамомияти арзиву якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, зеро хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва қарзи шаҳрвандии ҷавонони бонангу номуси миллат аст.

Маруфзода М.М. – муаллимаи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.
Хонкилдиев А.Б. – сардори кабинети кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.
Муродӣ Б.А. - сардори кабинети кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...