Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан!

1562Ба таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-сол пур мешавад.Қувваҳои мисаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Аз рӯзҳои аввали Артиши миллӣ таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вуҷуд надошт.Норасоии кадрҳои ҳарбӣ ва муттахассисони касбӣ дар ҳама ҷамбаъҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат роҳи пурпечутоберо тай намуда,таҷриба андӯхт ва ба яке аз арзишҳои касбии минтақа табдил ёфт.Бунёди Қувваҳои мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра вусъат ёфт.
Имрӯз Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагари карда метавонад, ҷавонони бонангу бо номус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи имтиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд.Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсоли ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем,ки Кувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳанӯз дар рӯзҳои авали таъсисёбиааш дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият барқарор кардани сохти конститутсионӣ, дар мубориза ба муқобили дастаҳои муссалаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбӣ, ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, имрӯз ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст. Бо шарофати иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон амалан сурат ва моҳияти ташкилоти ҳарбиро соҳиб гашта, имрӯз бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ садоқат ба касбу савганд вазифаи бошарафи худ ҳимояи ватан ва ҳифзи зиндагии осоиштаю меҳнати созандагии халқи худро анҷом медиҳанд.
Итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ савганди ботантана дар назди Президенти кишвар ёдкардаи худро ҳамеша азиз мешуморанд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд ва шарафу номуси ҳомии миллати кӯҳанбунёду фарҳангсози тоҷикро мардона пос медоранд. Бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ҳамдиёрон, дустону бародарон ва ҳамватанони гиромиқадро табрику таҳният менамоям.
Эй Ватан номи ту дунёи ман аст,
Қуллаҳоят сари болои ман аст,

1569Муродов Фарҳод, сержанти хурди милитсия курсанти курси 3-юми факултети №2 Академияи ВКД ҶТ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...