Чорабинии тантанави бахшида ба рузи Артиши миллӣ
Дар Академияи ВКД бо иштироки роҳбарият, ҳайти шахсӣ ва меҳмонон бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи иштирокдоронро бо ин санаи таърихӣ табрику муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки Артиши миллӣ бо ташаббуси созандаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-сол муқаддам таъсис дода шуд, ки солҳои истиқлолият ба як нерӯи пурқувват табдил ёфта, аз лиҳози техникию моддӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Кормандони мақомоти корҳои дохилиро мебояд баҳри сулҳу осоиштагӣ, тинҷиву оромӣ ва дар мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамчун фарзандони сарсупурдаи миллат дар сафи пеш қарор дошта бошанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ омӯзгорону собиқадорони Академияи ВКД Розиқзода А.Ш., Раҷабов Р.М., Сайфиддинов А. аз дастовардҳои Артиши миллӣ ёдовар гардида, саҳми босазои Пешвои миллатро дар роҳи ба даст овардани сулҳу осоиштагӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Қобили қайд аст, ки ҷашни 28-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи ВКД, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва идона доир гардида, он бори дигар аз дӯстию рафоқати афсарону курсантон, сулҳу суботи комили кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармодеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак дод.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи консертӣ бо иштироки корманд-ҳаваскорони Академия доир гардид, ки хотири ҳамагон бо шунидани суруду таронаҳои дилошӯб шод гардид.
Саида Сафарзода, Шавкат Убайдуллоев.