Рӯзи Артиши миллӣ муборак !
23-феврал Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ҳамдиёрон, дӯстону бародарон ва ҳамватанони гиромиқадрро табрику таҳниятҳо менамоем.
Аз таъсиси Артиши миллӣ 28 сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Бинобарин мо бояд шукронаи Истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему, дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.
Шуморо бо фарорасии Рӯзи таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун яке аз идҳои хеле муҳими кишвар табрик ва таҳният гуфта, ба Шумо дар ин рӯзи пурифтихор рӯзгори ободу сарбаландиҳо ва саодатмандию пирӯзиҳо таманно дорем.
Иди Артиши миллӣ, иди далериву мардонагӣ, иди муҳофизони шуҷои Ватан ба ҳамаи ҳайати кормандмардони Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро муборак бод менамоям. Яқин аст, ки ҳар яки Шумо ватандӯстони аслӣ ҳастед ва дар ободиву дифои Ватани азизамон ҳиссаи бузург доред.
Рӯзи мардонро ба марди ҳақиқие, ки мақоми зебои мардонагиро дарк кардааст табрик мегӯем!
Курсанти курси
3-юми факултети № 2,
Раҷабова Г.И.