Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Артиши миллӣ – сипари боэътимоди ватан!

Ба таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-сол пур мешавад.Қувваҳои мисаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз Артиши пурқудрати Шӯравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд.Вазъи душвори ҳарбӣ сиёсии он солҳо имкодушвори ҳарбӣ сиёсии он солҳо имкон надад, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Итттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор гардад.Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дивизияи тирандози 201-ум Россия ҷойгир буд. Муттассифона, он замон дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва миллионкунонии он метавонист сабабгори васеъ тӯлони гардидани ин муноқиша гардад. Раванди ҳодисаҳои баъди исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани двизияи 201-ум ягона ҳалли дуруст ва ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст.

Аз рӯзҳои аввали Артиши миллӣ таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуан вуҷуд надошт.Норасоии кадрҳои ҳарбӣ ва муттахассисони касбӣ дар ҳама ҷамбаъҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат роҳи пурпечутоберо тай намуда,таҷриба андӯхт ва ба яке аз арзишҳои касбии минтақа табдил ёфт.Бунёди Қувваҳои мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра вусъат ёфт.
Эй Ватан номи ту дунёи ман аст,
Қуллаҳоят сари болои ман аст,

Имрӯз Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагари карда метавонад, ҷавонони бонангу бономус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи имтиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд.Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсоли ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист.Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мардонагӣ омӯзем.Ба боварии том гуфта метавонем, ки Тоҷикистон он Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест, ба найрангҳои сиёсатхоҳону авбошон гирифтор нахоҳад шуд, ақлу заковат ва хираду азалии миллати тоҷик ҳамеша дастболо аст ва доимо сулҳу амониро тараннум хоҳад кард.
Бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ҳамдиёрон, дустону бародарон ва ҳамватанони гиромиқадрро табрику таҳниятҳо менамоям. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст.Бинобар мо шукрона намуда, баҳри ободу осуда гардонидани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.

1553Муродов Фарҳод, сержанти хурди
милитсия курсанти курси 3-юми
факултети №2 Академияи ВКД ҶТ

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...