Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохȳрии муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ бо курсантон, шунававндагон ва омȳзгорони Академия

1050

Дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, шароитҳои мусоиди таълим вохурии муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо курсантон шунававндагон ва омȳзгорони Академия баргузор гардид.

1051

Мулоқотро муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А .А. оғоз намуда, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия таваҷуҳи хос зоҳир менамояд. Бо ибтикори ȳ шумораи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар солҳои Истиқлолият афзуда бо тамоми таҷҳизотҳои муосир таъмин гардиданд. Мисоли барҷаста ва рушани он ифтитоҳи Академияи ВКД мебошад. Ҳамчунини Пешвои муазами миллат дар мулоқоту вохуриҳо ва Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ маорифро яке аз соҳаҳои калиди ҳисобида маблағгузориро ба он афзун намудааст. Эълон намудани 20-солаи омȳзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, гузаронидани озмунҳои Тоҷикистон Ватани азизи ман ва Фуруғи субҳи доноӣ аз иқдом ва ташаббусҳои Пешвои миилат дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонони кишвар мебошад. Дар ин асос бо супориши Вазири корҳои дохилӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорат аз ҷумла Академия ин чорабиниҳо роҳандозӣ гардидаанд, ки боиси баланд гардидани завқ ва масъулияти курсантону омȳзгорон гардиданд.

1052

Ҳамин тариқ, ҳангоми ҷамъбасти вохӯри сардори Академияи ВКД номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки ин вохӯри ба ҳамагон баҳри ташаккули рȳҳияи миллӣ, садоқат ба Ватан, Президент, Вахдати миллӣ, боло бурдани сатҳи таълиму тарбия муосидат намуд.

Асламов Б.С., Сафарзода С.Н.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...