Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатми курси такмили ихтисос дар Академияи ВКД

1019

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, тамоми мардуми шарифи кишварамонро барои дар самти созанда ва бунёдкорона, рушду такомули ҷомеа содиқона хизмат намудан, таъкид доштанд. Қайд гардид, ки барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон баланд бардошта шавад. 

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардо-штани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватан-дӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Дар навбати худ бо дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники ми-литсия Раҳимзода Р.Ҳ., дар ҷаласаи селекторӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини қонуният ва тарбияи кадрҳои кордону поквиҷдон ва дорои сатҳи баланди касбият, роҳ надодан ба кирдорҳои коррупсионӣ ва бартарафсозии камбудиҳо дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ баён гардид.

1020

Дар ин радиф Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини қонуният ва тарбияи кадрҳои кордону поквиҷдон ва дорои сатҳи баланди касбият барои мақомоти корҳои дохилӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад. Дар факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи реҷаи тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июли соли 2020 бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ курси такмили ихтисос аз 28 декабри соли 2020 то 28 январи соли 2021 бо кормандони РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Роҳбари Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони оперативӣ намояндагони раёсатҳои РКҶ, РМЗҶМ, РМЗГҒММ, РАД, СМИТ ва Маркази хадамоти кинологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин олимон ва омӯзгорони пуртаҷрибаи кафедраҳои тахассусӣ фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуиро сафарбар намуданд.
Баъди хатми курси мазкур аз тарафи сардори Академия, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ба хатмкунандагон сертификатҳо супорида шуданд.

Убайдуллоев Ш.Э., Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...