Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд дар Академияи ВКД

1012

Рӯзи 27-уми январи соли 2021 дар толори фарҳангии Академияи ВКД вохурии гурӯҳи таблиғотӣ чиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-ноябри соли 2020 «Оид ба баланд бардоштани руҳияи аскарон, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ҳувияти миллӣ, муҳаббат ба Модар-Ватан, гиромидошти арзишҳои миллӣ, ваҳдату Истиқлолияти миллӣ» бо ҳайати шахсии Академияи ВКД баргузор гардид.

1013

Вохӯриро муовини аввали сардори Академия генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким кушода иброз намуд, ки дирӯз мо шоҳиди ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари азизамонро дар арафаи 30-солагии Истиқолияти давлатӣ дар бар мегирифт, гардидем. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар пурра ва возеҳу равшан баён гардид, ки аз он мо рӯҳу илҳоми тоза гирифтем. Ҳайати шахсии Академия бо мароқи том Паёмро дастаҷамъона тамошо карда, ҳамаҷониба онро пайравӣ менамоянд.
Имрӯз дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вохӯрӣ бо ҳайати шахсии Академия гурӯҳи таблиғотӣ ҳозир шуданд, ки онҳоро хайрамақдам менамоем. Дар вохӯрӣ Муинӣ Мавсума Муинзода - муовини раиси шаҳри Душанбе, Бадалова Муборак Облоқуловна - мудири бахши кор бо ҷавонони ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Ато Ҳамдам - нависанда, мудири бахши драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Саломзода Хуршед - сардори шуъбачаи корҳои сиёсӣ-тарбиявии Гвардияи миллӣ, Камолзода Ҳамзахон - мудири шуъбаи АИМТ, Ҳоҷамирзода Муслиҳддин - мутахасиси пешбари Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати ҶТ, Зуҳурова Заррина - сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Дар аввал сухан ба Муинӣ Мавсума Муинзода - муовини раиси шаҳри Душанбе дода шуд, ки вай дар бораи бунёдкориҳои Тоҷикистон дар зарфи 30-соли Истиқлолият таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯзаи муфассал намуда, атрофи мавзӯъҳои сулҳу ваҳдат, танзими ҷашну маросимҳо, фарҳанги китобхонӣ, ширкат дар озмунҳо, (аллахус номи курсанти Академия Зардаков Д. - ҳамчун иштирокчии фаъоли Озмуни шаҳрии «Фуруғи субҳи доноӣ» садо дод), пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, зиракию ҳушёрии ҷавонон суханронӣ намуд, ки аз ҷониби хайати шахсии Академия бо қаноатмандии том шунида шуд. Ширкаткунандагони дигар низ дар музокираҳо баромад намуданд.

1014

Дар фарҷоми вохурӣ муовини аввали сардори Академия генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким ба гурӯҳи таблиғотӣ изҳори миннатдории Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Академияро расонида иброз намуд, ки дарҳои Академия доимо барои чуниин вохуриҳои судманд боз аст.
Вохурӣ дар руҳияи баланд ва ҳусни тафоҳум гузашта, бори дигар барои тарбияи ҳайати шахсӣ дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ мусоидат намуд.

Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...