Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории машғулиятҳои назариявӣ-амалӣ дар самти такмили фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

1010

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро доир ба ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои назаривӣ-амалӣ, бозомӯзӣ, такмил ва сайқал додани малакаи касбии сардорони воҳидҳои оперативии мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гардид.

1011

Вобаста ба ин, рӯзи 18-19-уми январи соли 2021, дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳайати роҳбарикунандаи воҳидҳои оперативии шаҳру навоҳии вилоят ҷамъ омада, аз ҷониби муовини сардори РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Сайдализода Файзалӣ Сайдалӣ, сардори шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти қудратии БММ “Итерпол”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Нуриддинзода Тоҷиддин Наҷмуддин, дотсенти кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ҳайдарзода Зафар Пирмаҳмад, сардори шуъбачаи ҷустуҷӯи байнидавлатии ҷинояткорон ва беному нишон гумшудагони шуъбаи 5–уми РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Саидазимзода Фарух Худойбердӣ, ваколатдори калони оперативии шуъбаи 3–юми РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Саидзода Авазшоҳ Қувватшоҳ ва ваколатдори калони оперативии шуъбаи 1–уми РМЗГҒММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Ҳазратзода Эҳтиром Ҳазрат – доир ба омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», шахсони мусоидаткунанда, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, парвандаҳои бақайдгирии оперативӣ, ҷустуҷӯӣ байнидавлатӣ ва байналмилалии ҷинояткорон ва беному нишон гумшудагон, ҷасадҳои шахсияташон номаълум, баромад намуданд.

Саида Сафарзода.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...