Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Пешвои миллат - барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон

1007Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли ҳар як Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат оид ба баланд бардоштани неруи инсонӣ, қудратҳои зеҳнӣ ва омӯзиши илмҳои дақиқ пайваста сухан мегӯянд. Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ қабул гардидааст. Зеро истиқболи арзанда аз ин санаи муқаддас нишони ватандориву ватанпарастии ҳар сокини кишвар аст. Он гуна, ки Пешвои миллат дар Паёми худ зикр намуданд, ки: «Вазифаи асосии ҳар яки мо – аз Роҳбари давлат сар карда, то вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва тамоми хизматчиёни давлатӣ – содиқона хизмат кардан ба халқи азизи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ будан аст. Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем».
Пас аз ин даъвати Сарвари хирадманди давлат моро зарур аст, ки ба раванди омодагиҳо ба ҷашни муқаддаси миллӣ вусъати тоза бахшем. Ҳар як шаҳрванд ва сокини кишвар бояд ба қадри имкон ва тавони худ барои истиқболи арзанда аз ин сана саҳми худро гузорад.
Дар Паёми Сарвари давлат инчунин ба масъалаҳои фарогирии донишҳои замонавӣ, мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд.
Бо назардошти боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Ин иқдом, бешак, ба пешрафти минбаъдаи ҷомеа мусоидат хоҳад кард.
Пешниҳоди дигари созандае, ки аз ҷониби Президенти мамлакат таъкид гардид, ин ба андозаи 30 фоиз зиёд шудани стипендияи донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 мебошад.
Дар воқеъ, ин пешниҳодҳо барои рушду нумӯи ояндаи мамлакатамон моҳияти калидӣ дошта, таваҷҷуҳи на танҳо олимони соҳаҳои гуногуни илмҳои табиӣ ва риёзиро ба худ ҷалб намуд, балки ин иқдом минбаъд барои пешрафти технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва саноатикунонии босуръат заминаи бузурге гузошта метавонад.
Воқеан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дастури раҳнамоест, ки моро ба худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ҳидоят менамояд. Тамоми мардуми шарифи тоҷик ба ин сухан ва умуман тамоми нуктаҳои Паёми Пешвои миллат аз дилу ҷон бовар дорад ва дастуру супоришҳояшонро роҳнамои фаъолияту зиндагиии хеш қарор медиҳанд.

Ҳабибзода Ҳокимҷон, Раиси Шӯрои ҷавонони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...