Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи ВКД

1007

Ҳайати шахсӣ ва роҳбарияти Академияи ВКД субҳи барвақт ба тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон» омода гаштанд.
Толори маҷлисгоҳ бо монитори калон,толорҳои лексионӣ бо телевизионҳо муҷҷаҳаз гардонида шуда, расо соати 10.00 ҳайти шасхсӣ бо риояи меъёрҳои беҳдошт ба тамошои Паёми солонаи Роҳбари давлат шурӯъ намуданд. Дар Паёми навбатӣ сухан аз дастовардҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, истиқболи сазоворонаи ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ рафта иброз гардид, ки дар асоси пешрафти иқтисоди босуръати кишвар сатҳи зиндагии мардум боз ҳам боло рафта, андозаи маошу нафақа ва дигар имтиёзҳои иҷтимоӣ боло бурда шуда, давлату Ҳукумати Тоҷикистон новобаста аз пандемияи коронавирус боз ҳам дар ин ҷода чорабиниҳои мушаххас мегузаронанд. Ҳамчунин, 300- корхонаҳои нави саноатӣ, чандин иншоотҳои инфрасохтори иҷтимоӣ ва маорифу тандурустӣ ба кор оғоз бахшида, роҳи саноатикунонии босуръати кишвар пеш гирифта шуд, ки ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёбад. Дастур дода шуд,ки заминҳои кишоварзӣ аз пардохти ягонаи замин озод карда шаванд, ки ин ғамхории бузурги давлат дар соҳаи рушди кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Степендияи донишҷуён ба андозаи 30% зиёд карда шавад, ки ба болоравии фаъолнокии онҳо мусоидат менамояд.Соли 2021 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фуруғи маърифат» барои рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ гузаронида шуда, ғолибон барои ҳавасмандгардонӣ бидуни имтиҳонҳо ба Мактабҳои олӣ дохил карда шаванд.Нафақаи маъюбон аз 20% то 50% зиёд карда шуда,3-мактаб-интернати Президентӣ бо тамоми шароитҳо барои ятимон бунёд карда шавад. Барои касбомӯзии ояндаи ҷавонон омӯзишгоҳи муосири касбӣ - техникӣ бо мусоидати намояндагони Ҳукумат ва вакилони Маҷлиси Олӣ сохта ба истифода дода шавад.Инчунин баланд бардоштани нақши занон дар идоракунии давлатӣ, ҳифзи забон, таърих, фарҳанг баррасӣ гардид.Ба Прократураи генералӣ дастур дода шуд,ки барои пешгирии хатархои терроризму экстремизм лоихаи нави «Стратегияи миллии муқовимат бар зидди экстремизму терроризм барои солҳои 2021-2025» баррасӣ намуда,барои тасдиқ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.Корҳои тарғиботӣ байни ҷавонон бар зидди шомилшавӣ ба гурӯҳхои ифротӣ густариш дода шавад.
Ҳамчунин самтҳои сиёсати хориҷии кишвар, густариши он дар доираи СММ,САҲА,СҲШ,СААД, Созмони ҳамкории исломӣ, равобити густурда бо кишварҳои Россия, Хитой, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва кулли кишварҳо дар асоси сиёсати «дарҳои кушод» баён гардид, ки обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд хоҳад бардошт.
«Дар паҳлуи халқ дар ҳама ҳолат будан меҳвари сиёсати давлат ва хизмати содиқона ба онро ташкил медиҳад» - иброз намуданд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

10081006

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамошои дастаҷамъонаи Паёми Пешвои муаззами миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таасуроти амиқ бардошта, рӯҳу илҳоми тоза гирифта тасмим гирифтанд, ки ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ, саҳмгузорӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ пешвоз хоҳанд гирифт.

Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., Ҳайдарзода О.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...