Курсҳои кӯтоҳмуддат – заминаи ташаккули маҳорати касбӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа намуданд, ки:
«Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд барои омӯхтани такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ эътибори ҷиддӣ диҳем. Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълимӣ забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд».
Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани таъкидҳои Пешвои миллат дар асоси дастуру супоришоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар баробари дигар факултетҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети №4 дар кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос низ омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ва баланд бардоштани савияи маҳорату малакаи технологияи компютерӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Шунавандагон зимни таҳсил дар ин курсҳо аз тағйироту иловаҳо ба санадҳои ҳуқуқӣ фармонҳои навсодиршудаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ, реҷаи махфӣ, ислоҳоти забоншиносон дар грамматикаи забони тоҷикӣ ва омӯзиши забони русӣ аз наздик шинос шуда, донишҳои назариявии худро боз ҳам баланд мебардоранд.
Дар ин курси кӯтоҳмуддат 20 нафар кормандони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳо ва РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳсил кардаанд.
Рӯзи 23 январи соли 2021 маросими супоридани шаҳодатнома ба шунавандагони курси тайёрии махсуси 15 руза ШВКД ва РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Баланд бардоштани донишҳои назариявии кормандони ҷавон доир ба забономӯзӣ яке аз масъалаҳои мубрами дар МКД буда, барои мақому манзалати кормандон дар назди ҷомеаи шаҳрвандӣ заминагузорӣ менамояд.
Аз тарафи муовини сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Муҳаммадзода Н.Б., 20 нафар шунавандагонро зимни таҳсил дар ин курсҳо аз тағйироту иловаҳо ба санадҳои ҳуқуқӣ фармонҳои навсодиршудаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ, реҷаи махфӣ, ислоҳоти забоншиносон дар грамматикаи забони тоҷикӣ ва омӯзиши забони русӣ, баланд бардоштани савияи маҳорату малакаи технологияи компютерӣ, ва барои гирифтани шаҳодатномаи курси тайёрии махсус табрик намуда, изҳор кард, ки дар оянда барои давлату миллати худ бо як масъулияти баланд кору фаъолияти хешро давом диҳанд.
Баҳодурзода М., муаллимаи калони кафедраи тайёрии ибтидоӣ
ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия.