Ширкати кормандони Академия дар Намоишгоҳ-фурӯши китоб
Рӯзи 21-уми январи соли 2021 бо ибтикори нашриёти «Адиб» дар назди бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Намоишгоҳ ва фурӯши китобҳо баргузор гардид, ки дар баробари аҳли ҷомеа дар он намояндагони дастгоҳи марказии ВКД, Академияи ВКД, Раёсат ва ШВКД-ҳои шаҳри Душанбе ширкат намуда, теъдоди муайяни китобҳои тозаннашрро харидорӣ намуданд.
Сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. иброз намуд, ки кормандони Академияи ВКД мудом дар Намоишгоҳ-фурӯши китобҳо ширкати фаъол дошта, дар Академия оид ба китобҳои мутолиашуда озмунҳо баргузор гардида, ғолибон муайян карда мешаванд.
Дар Академия ба ғайр аз китобхонаҳои доимӣ боз дар ҳар як факултетҳо синфхонаҳои алоҳидаи китобхонӣ ҷудо карда шуда, рӯзи ҷумъаи ҳар ҳафта рӯзи умумии китобхонӣ дар Академия эълон гардидааст.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.