Хатми шунавандагони курси такмили ихтисос дар самти қисми навбатдорӣ
Рӯзи 21 январи соли 2021 маросими супоридани шаҳодатнома ба шунавандагони курси такмили ихтисос дар самти кормандони қисмҳои навбатдорӣ ва командирони взводҳои посбонӣ-пайраҳадории РВКД ва ШВКД-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аз тарафи сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос ба 14 нафар шунавандагон, ки зимни таҳсил дар ин курсҳо аз тағйироту иловаҳо ба фармонҳои навсодиршудаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ, низоми махфӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, назорати прокурорӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, этика ва психологияи касбӣ шаҳодатномаи курси такмили ихтисос супорида, изҳор кард, ки дар оянда барои давлату миллати худ бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ кору фаъолияти хешро давом диҳанд.
Кормандони қисми навбатдорӣ оид ба таъминоти пурагии силоҳу аслиҳа, воситаҳои махсуси оперативӣ, таҷҳизоти криминалистӣ, воситаҳои алоқа ва дигар лавозимоте, ки дар фаъолияти хизматиашон истифода мебаранд, бояд дар шароити бехатар нигоҳ дошта тавонанд, зеро ки қисми навбатдорӣ – воҳиди сохтории мустақил дар системаи мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад Дар ҷавоб шунавандагони такмили ихтисос саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки вазифаю уҳдадории худро бо дили софу дасти пок баҳри халқ мусоидат намоянд, бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ ба Сарвари давлат ва халқу миллати худ хизмат намоянд.
Баҳодурзода М., муаллимаи калони
кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия.