Хатми курси тайёрии ибтидоӣ дар факултети №4
Масъулияту шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот аз бисёр ҷиҳат инкишофу пойдории давлати имрӯзаи тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Аз 19 ноябри соли 2020 то 20 январи соли 2021 дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 нафар аз ҳисоби кормандони РВКД ва ШВКД-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар самти Хадамоти посбонӣ – пайраҳадории милитсия курси тайёрии ибтидоии 3-моҳа гузаронида шуд.
Устодон ва омӯзгорони ҳамкорӣ кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 барои баланд бардоштани малакаи касбии шунавандагон, аз фанни Оинномаҳо, нишондодҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии МКД, аз фанни Этика ва психологияи касбӣ, яъне қоидаи пӯшидани сару либос, аз худ кардани қонунҳои одоби муошират, иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз фармоишҳои ВКД, аз фанни Ҳуҷҷатнигорӣ дар МКД барасмият даровардани ҳуҷҷатҳои ташкилию амрдиҳӣ, аз фанни Тайёрии оташфишонӣ қисмҳои силоҳи оташфишон ва тартиби дар амал истифодабарии он, аз фанни Низоми махфӣ сирри давлатӣ ва хизматиро нигоҳ дошта тавонистан ва дар оянда барои фаъолияти ҳаррӯзаи худ дуруст истифода бурданро омӯзониданд, бо дониш ва маҳорати касбии худ ба Сарвари давлат ва миллати куҳанбунёди худ хизмат карданро мусоидат намуданд.
Санаи 20 январи соли равон ба ҳар як шунавандагони курси тайёрии ибтидоии 3-моҳа дар самти Хадамоти посбонӣ – пайраҳадории милитсияи РВКД ва ШВКД-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, тавсияномаҳо аз тарафи муовини сардори факултет супорида шуд. Муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадзода Н.Б., табрик ва изҳор намуд, ки ҳушёриву зиракии худро аз даст надода, аз рӯйи Дастурамалҳо, Низомномаҳо, санадҳои меъёрии хуқуқии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраро дар фаъолияти хизматии худ истифода баранд. Чунки, мустаҳкам намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини муҳити солими ахлоқӣ ва вазъияти мӯътадили сиёсӣ дар ҳар давру замон дар маркази диққати давлат ва сиёсати иҷтимоию ҳуқуқии он қарор дошта, имрӯзу фардо низ бар уҳдаи корманди милитсия мебошад. Аз тарафи шунавандагон ба устодони факултети №4 миннатдории худ ва ваъдаи хешро изҳор намуданд, ки мо милитсионерон новобаста аз осуда будани замонаи худ ва ё муташанниҷ гардидани вазъи он ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа қарор дошта, баҳри ҳифзи амнияту бехатарии ҷамъиятӣ инчунин ба Президенти худ ҷони худро дареғ надошта, фаъолият мебаранд. Дар охир барои хотираи нек расми хотиравӣ гирифта шуд.
Баҳодурзода М., Муаллимаи калони
кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия.