Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ

991

Тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ-амалӣ, инчунин бозомӯзӣ, такмилдиҳӣ ва мукаммал намудани савияи дониши воҳидҳои оперативии мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, рӯзҳои 20-21-уми январи соли 2021 дар РВКД вилояти Хатлон машғулият ва дарсҳои назариявӣ-амалӣ гузаронида шуд.

992

Дар толори маҷлисгоҳи РВКД вилояти Хатлон тамоми ҳайати роҳбарикунандаи воҳидҳои опеартивии шаҳру ноҳияҳо ҷамъ омаданд.
Аз ҷониби муовини сардори РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳабибуллоев Сафар Саломович, сардори кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Аҳтамшозода Саидмуҳаммад Аҳтамшо, муовини сардори шуъбаи РМЗГҒММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Азамҷонзода Ҷамшед Азам, ваколатдори оперативии шуъбаи кушодани ҷиноятҳои солҳои пешини РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Савров Алиҷон Шамсуллоевич ва валокатдори калони оперативӣ оид ба КММ БММ “Интерпол” ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Тоирӣ Зафар Мурод, дар мавзӯъҳои гуногун дарси назариявӣ ва амалӣ гузаронидаанд.
Ҳайати шахсии воҳидҳои оперативӣ аз гузаронидани дарсҳо баҳраманд гардида, дар охир бо саволу ҷавобҳои зарурӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба анҷом расонида шуданд.

Сафарзода С., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...