Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РАФТИ ДАРСҲО ДАР КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

964

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ имрӯз шароити муассисаҳои таълимии мақомот ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонида шудааст ва дар ин раванд барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мунтазам тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона маркази омода намудани кадрҳо барои мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Имрӯз дар Академия олимони унвонҳои илмидошта, докторони илм ва профессорҳо, номзадҳои илм, дотсентон, Ҳуқуқшиносони шоистаи Тоҷикистон, Кормандони шоистаи Тоҷикистон, аълочиёни маориф ва илми ҷумҳурӣ ва кормандони фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.
Ҳамзамон, қайд намудан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо дар Академия бо дастури бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва нақшаи таълимӣ-мавзӯӣ тасдиқ гардида, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши оперативии кормандони ҷавони муассисаҳои олии касбии ВКД Федератсияи Россияро хатм намуда, дар самти «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар заминаи факултети №6 ва факултети №3 Академия курси такмили ихтисос ташкил карда шудааст.

965966

 

Бояд қайд намуд, ки дарсҳои таълимии Академия дар толорҳои барҳавои лексионӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо воситаҳои аёнии таълимӣ, синфхонаҳои махсус гузаронида мешаванд. Ғайр аз ин шунавандагони курсҳои такмили ихтисос аз китобхонаҳои умумӣ, илмӣ, электронӣ ва махсус самаранок истифода мебаранд. Тибқи нақша барои гузаронидани курси мазкур шахсони ботаҷрибаи раёсатҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Академия, инчунин олимони унвонҳои илмидошта ҷалб гардидаанд, ки далели ҳамоҳангии фаъолият дар раванди омодасозии кадрҳо мебошад. Роҳбарияти Академия ва ҳайати профессорону омӯзгорон дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти болоиро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани сифати таълим тадбирҳои навро роҳандозӣ менамоянд.

Асламов Б., Убайдуллоев Ш., Сафарова С.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...