Вохӯрии сардори Академия вобаста ба оғози таҷрибаомӯзии курсантони курси 5-ум
Баъд аз бомуваффақият супоридани сессияи зимистона ва ҷамъбасти Машқхои оперативӣ-тактикии курсантони кури 5-ум вохурии Сардори Академия вобаста ба оғози таҷрибаомӯзии курсантони курси 5-ум баргузор гардид, ки дар он Сардори Академия н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бори дигар риояи интизоми хизматӣ, конуният, одоби касбии корманди милитсияро дар партави талаботҳои Вазири корҳои дохилӣ ба курсантон хотиррасон намуда, ба сардорони факултетхо ва воҳидҳои таълимӣ-низомӣ, шуъбаи таълим дастур доданд, ки таҷрибамӯзӣ дар тамоми Раёсат ва ШВКД-ҳои ҷумҳурӣ бояд дар дараҷаи баланд ташкил ва гузаронида шавад,то ин ки хатмкунандагон барои супоридани натиҷаи он ва супоридани имтиҳонҳои хатмкунӣ малака ва маҳорати касбии корманди ояндаи МКД-ро пурра аз бар намоянд.
Вохурӣ дар рӯҳияи баланд ва ҳусни тафохуми тарафайн бргузор гардид, рохбарони таҷрибаомӯзӣ барои назорат аз роҳбарияти Академия таъин гардиданд, ки сари хар вақт бояд аз вазъи таҷрибаомӯзӣ воқиф гардида, ба сардори Академия маълумот ирсол намоянд.
Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.