ВОХӮРИИ МУФИД БО ВОЛИДАЙНИ КУРСАНТОНИ КУРСИ 1 ФАКУЛТЕТИ №2
Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия, муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии мақомоти корҳои дохилӣ ва тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо ҷомеа, робита бо волидайни курсантон, роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15 январи соли равон бо волидайни курсантони курси 1-уми факултети №2 Академия вохӯрии муфид доир намуданд.
Нахуст маҷлиси умумии падару модаронро муовини аввали сардори Академия генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ., кушода дар бораи ғамхориҳои Пешвои миллат, Вазири корҳои дохилӣ доир ба шароитҳои беҳтарини таҳсил дар Академияи ВКД суханронӣ намуд. Аз ҷумла, иброз дошт, ки мақсади асосии ҷаласаи падару модарон ин дар амал тадбиқ намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» буда, мо бояд якҷоя сифати таълиму тарбияро бо курсантони Академия баланд бардорем ва онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намоем.
Дар вохурӣ муовини сардори Академия н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш., сардори воҳиди таълимӣ-низомӣ полковники милитсия Холзода С. кураторони курси якум ширкат доштанд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти волидайни курсантони курси 1, ки дар факултети №2 Академия бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда дар чорабиниҳои илмӣ, таълимӣ, низомӣ ва фарҳангӣ фаъолона ширкат намуданд, бо Сипосномаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.